Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Гӯшу бинияш шикаста буд." Чӣ гуна нимпайкараи Вализода баҳсӣ шуд? ВИДЕО


Саидалӣ Вализода
Саидалӣ Вализода

Дар соли 2010 ду нимпайкараи Саидалӣ Вализода, шоири маъруфи тоҷикро сохта буданд. Яке барои Кӯлоб, дигаре барои зодгоҳаш – Ховалинг.

Дар рӯзҳои ҷашни 110-солагии шоир нимпайкараҳоро бо тантана барафроштанд. Дар пардабардорӣ аз онҳо адибони минтақа ва ҷумҳурӣ ҷамъ шуда буданд. Аммо пас аз 13 сол нимпайкараи шоир аз зодгоҳаш гум шуд.

Дар нишасти хабарии раиси ноҳия суоли дар куҷо нимпайкараро пурсиданд. Маҷиди Муҳтадӣ, раиси ноҳияи Ховалинг, гуфт, вақте ӯ омад, пайкара набуд.

“Нимпайкараи Саидали Вализодаро, ростӣ, надида будам. Ба ин суол раиси шаҳрак, Дилбар Қодирзода, собиқ муовини раиси ноҳия, ҷавоб медиҳад,” – афзуд ӯ.

Дар ҳамин вақт ҳамнишини раис гуфт, ки ёдгорӣ ба Кӯлоб бурда шудааст.

Дилбар Қодирзода, раиси шаҳраки Ховалинг, гуфт, “дар боғи адибон гузошта буданд. Дар ҷамоати шаҳраки Ховалинг, мактаби рақам 1 ба номи Саидалӣ Вализода. Дертар омада бурданд.”

Нимпайкараи Саидалӣ Вализода
Нимпайкараи Саидалӣ Вализода

Баҳси нимпайкараи шоир аз онҷо пайдо шуд, ки духтараш аз ҷустуҷӯи он хабар дод.

Хосият Вализода гуфт, вақте дид, нимпайкараи шоир нигоҳубин намешавад, пешниҳод кард, онро ба Кӯлоб биёранд.

Соли 2019 нимпайкараи шикаставу осебдидаи шоирро ба Кӯлоб овардаанд. То ҳоло нимпайкара дар хонаи пайкарасоз аст.

Ҳайкалтарош Шамсиддин Одинаҳмадзода мегӯяд, “дар ҳақиқат, нимпайкара дар ҳолати нохуб буд. Як гӯшаш набуд. Як лаби абрӯяш парида буд. Бинияшро шикаста буданд. Дар як мошини борбардор гирифта, ба Кӯлоб овардем ва таъмир кардем.”

Нипайкара тармим шуд, вале дигар соҳиб наёфт.

Видеоро дар инҷо бинед:

Чаро ҷойи нимпайкараи Саидалӣ Вализода холист?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:55 0:00

Саидалӣ Вализода соли 1900 дар деҳаи Чуқураки ноҳияи Ховалинги вилояти вақти Кӯлоб зода шудааст. Ӯ шоир, мутриб, сароянда, оҳангсоз ва ҳофизи халқӣ буд.

Ҳоло дар Кӯлоб ба номи ӯ кӯчаву боғ ва театру осорхона гузошта шудаанд. Аммо фарзандаш мегӯяд, беэҳтиромӣ ба нимпайкари шоир дар зодгоҳаш онҳоро сахт ошуфта кард.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG