Рӯзи 27-уми феврал аз зери тарма дар роҳи Душанбе-Чаноқ боз ду ҷасади дигар пайдо шудааст.
Масъулини идораи ҳолатҳои фавқуллодаи ноҳияи Айнӣ мегӯянд, яке аз қурбониён писарбачаи тахминан 12 сола аст.
Рӯзи 26-уми феврал як мошини сабукрав дар наздикии нақби Шаҳристон зери тарма монд ва аксари мусофиронаш фавтиданд.
Як масъули бахши ҳолатҳои фавқуллода дар ноҳияи Айнӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, кофтукоби боз як ҷасади дигар дар ҷойи ҳодиса идома дорад.
Ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо, дар умум аз зери тармаҳо дар ду рӯзи охир 4 ҷасад берун оварда, ба сардхонаи ноҳияи Шаҳристон фиристодаанд. Мақомот то ҳол шахсияти онҳоро эълон накардаанд, аммо ҳамсуҳбатони мо дар ҷойи ҳодиса мегӯянд, фавтидагон сокинони ноҳияи Қубодиён ҳастанд.
Рӯзи 26-уми феврал ҳамчунин аз таги барф як занро зинда берун оварданд, вале пизишкон аҳволи Кибриё Худойбердиева, сокини 37-солаи ноҳияи Қубодиёнро вазнин арзёбӣ мекунанд.
Субҳи 27-уми феврал масъулини идораи ҳолатҳои фавқуллода ва ҳам ширкати IRS гуфтанд, эҳтимолан на як, балки ду мошин зери тарма мондааст. Ҳоло ҳамсуҳбатони мо дар бахши ҳолатҳои фавқуллодаи ноҳияи Айнӣ мегӯянд, ҳамагӣ як мошин зери тарма мондааст.
Роҳи Душанбе-Чаноқ аз соли 2009 дар ихтиёри ширкати IRS аст ва ин ширкат, ки номи соҳибаш маълум нест барои нигоҳдории роҳ аз ронандагон маблағ мегирад. Зери тарма мондани мошин ва мусофирон дар роҳи Душанбе-Чаноқ солҳои гузашта низ иттифоқ афтодааст ва интиқод аз кори ширкати IRS зиёд аст. Масъулини ин ширкат борҳо гуфтаанд, барои нигоҳдории роҳ ва таъмини ҳаракат дар он аз ҳама имкониятҳо истифода мебаранд.
Роҳи Душанбе-Чаноқ ягона масире аст, ки пойтахтро бо шимоли кишвар пайваст мекунад.
Тоҷикистон дар оғози соли 2023 шоҳиди фаромадани тармаҳои зиёд шуд. Дар ин офатҳои табиӣ беш аз 20 нафар бахусус сокинони шаҳри Хоруғ ва ноҳияи Ванҷ қурбон шуданд.