Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Бонуи шуҷоъ.” Тирандозии даҳҳо зану духтар дар Суғд. ВИДЕО


Даҳҳо зану духтар дар Суғд тирпаронӣ карданд.
Даҳҳо зану духтар дар Суғд тирпаронӣ карданд.

Беш аз сад зану духтар дар вилояти Суғд дар мусобиқаи тирандозӣ иштирок карданд.

Созмондиҳандагони ин мусобиқаи варзишӣ гуфтанд, ки теъдоди занону духтарони ҳавасманд ба тирандозӣ бештар шудааст.

Тирандозӣ ба хотири таҷлил аз “Рӯзи артиш” дар 23-юми феврал баргузор шуд.

Занону духтарон бо тирандозӣ аз силоҳи пневматикӣ байни ҳам мусобиқа карданд.

Видеоро инҷо бинед:

“Бонуи шуҷоъ.” Тирандозии даҳҳо зану духтар дар Суғд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:16 0:00

Нозанин Турсунова, донишҷӯи Донишгоҳи техникии Хуҷанд шаш сол боз ба ин навъи варзиш машғул аст. Ӯ ба хотири ширкат дар мусобиқаҳо ҳамеша тамрин мекунад. “Падарам корманди низомӣ ҳастанд ва касби ӯ шавқи маро дар тирпаронӣ зиёд кард. Аз синни 12-13 солагиам тамрин мекунам ва дар ҷумҳурӣ байни духтарон ҷойи аввалро ишғол карда будам. Ман ҳоло ба омӯхтани автомати "Калашников" низ машғул ҳастам,”—гуфт, ӯ.

Занону духтароне, ки дар ин мусобиқа иштирок карданд, намояндагони касбу кори гуногунанд.

Зайнура Умарзода, муовини раиси ноҳияи Масчоҳ мегӯяд, шуғли занон ба тирандозӣ вижагиҳои худро дорад ва онҳо низ дар ҳолатҳои фавқулода бояд дар сафи мардон биистанд ва аз онҳо кам набошанд.

“Вақте ки ҳама мардҳо дар машқҳои омодабошӣ буданд, ман ҳамчун муовини раиси ноҳия мерафтам ва азбаски зан будам, маро дар сафи мардҳо қабул намекарданд. Онҳо фикр мекарданд, ки занҳо иродае надоранд, ки дар баробари мардҳо тир паронда тавонанд. Лекин дар муноқишаи марзии Тоҷикистону Қирғизистон мо занҳо худамонро номнавис карда будем, ки дар ин гуна муҳорибаҳо қувваву нерӯи худро нишон бидиҳем,”—гуфт ӯ.

Тирандозии занон дар Суғд
Тирандозии занон дар Суғд

Кормандони Раёсати кор бо занону оилаи вилояти Суғд, ки аз ташаббускорони ин мусобиқа таҳти унвони “Бонуи шуҷоъ” буданд, мегӯянд, сол то сол сафи чунин занону духтарон зиёд мешавад.

Гулнора Гадойбоева, сармутахассиси Раёсати кор бо занону оилаи Суғд гуфт, дар шаҳру навоҳии вилоят беш аз 2300 зану духтар ба машқи тирандозӣ машғуланд. “Аз ин шумора зиёда аз 100 нафарашон варзишгарони номӣ мебошанд. Ин бевосита шаҳодат аз мавқеи занон дар соҳаи варзишро медиҳад,”—гуфт ӯ.

Дар Тоҷикистон наздик ба 50 дарсади аҳолиро занону духтарон ташкил мекунанд.

Варзиши тирандозиро аксаран дар Тоҷикистон “мардона” медонанд, вале занони тирандоз мегӯянд, талош доранд, ин қолабро шикананд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG