Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Борбад"-ро ба маъракаҳои расмӣ доданд, овозхонҳо ба куҷо раванд? ВИДЕО


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Пас аз онки "Кохи Борбад" ва "Кохи Ваҳдат"-ро дар Душанбе, ба истилоҳ, расмӣ карданду ба маҳалли вохӯрӣ ва маъракаҳои давлатӣ табдил доданд, овозхонҳо ба толорҳои хурд кӯчидаанд.

Онҳо мегӯянд, майдони асосӣ барои муаррифӣ ва таблиғи таронаҳо шабакаҳои иҷтимоӣ ва бахусус Ютуб аст, аммо ҳар чанд вақт бо мухлисон аз наздик дидор мекунанд. Баъзе аз мутахассисон гуфтанд, толорҳои хурд ба меъёрҳо ҷавобгӯ нестанд.

Мино Баҳруллоева, овозхони ҷавон, ду ҳафта пеш барномаи аввалини ҳунарияшро дар Душанбе ва дар "Кохи Суруш" гузаронд. Ӯ мегӯяд, дар пойтахт ду ҷойи баргузории консерт мондааст.

"Кохи Суруш" ва "Амфитеатр" мондааст, ки ҳунармандон консерт барпо мекунанд. Ҳоло берун сард аст, борону барф, дар "Амфитеатр" баргузор кардан имкон надорад," -- гуфт ӯ.

Мино
Мино

Дар гузашта аксар овозхонҳо барномаҳои ҳунарияшонро дар толорҳои бузурге ба монанди "Кохи Борбад" ва "Кохи Ваҳдат" барпо мекарданд. Ҳоло ин толорҳо танҳо барои баргузории чорабиниҳои расмӣ истифода мешаванд. Дар гузашта мақомот гуфта буданд, ин толорҳо давлатиянд ва ҳангоми консертҳо мардум "зарар" мерасонанд.

Шореҳони мусиқӣ мегӯянд, толорҳои вижа барои барномаҳои консертӣ дар пойтахт вуҷуд надорад. Ба қавли Орзу Исоев, журналист ва шореҳи мусиқӣ, "Кохи Суруш" дар назари аввал хеле зебост, аммо аз лиҳози садо, ороиш ва истифодаи саҳна ҳанӯз ҳам ҷавобгӯ нест.

"Яъне, толори консерт толори вижае ҳаст, ки бо дарназадошти ҳамагуна меъёр ва қоидаҳои садову акустика сохта мешаванд. Ин гуна толорро ҳануз бинандаҳои мо надоранд, бар истиснои "Кохи Борбад", ки чанд сол боз дар ихтиёри ҳунармандон нест," -- шарҳ дод ӯ.

Орзу Исоев
Орзу Исоев

Ин дар ҳолест, ки Зуҳурҷон Ҳамроев, мудири "Кохи Суруш" бовар дорад, муассисаи зери раҳбарии ӯ "аз лиҳози техникӣ ба ҳама талабот ҷавобгӯ аст”. "Кохи Суруш" бештар аз 700 ҷойи нишаст дорад.

Ҳарчанд мақомот аз гуфтани нархи иҷораи толорҳо худдорӣ мекунанд, даҳ сол пеш нархи истифода аз "Кохи Борбад", бузургтарин толори консертии Душанбе, 150 ҳазор сомонӣ будааст. Иҷораи "Кохи Ваҳдат", бо гунҷоиши 1200 нафар то 50 ҳазор сомонӣ буд.

Видеоро дар инҷо бинед:

Чаро сарояндаҳои тоҷик консертҳои бузург надоранд?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:29 0:00

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG