Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон: Бебарқӣ бештар, шикоят зиёдтар шуд. ВИДЕО


Шикоятҳо дар мавриди набудани барқ дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон бештар шудааст.

Баъзе аз сокинони минтақаҳо мегӯянд, агар қаблан шабона барқ хомӯш мешуд, акнун рӯзона ҳам тақрибан аз соати 9 то 17-и шом аз гармиву рӯшноӣ маҳруманд.

Чанд корбари Радиои Озодӣ бо фиристодани навор аз хонаҳои торики худ иддао карданд, ки “лимит” акнун ба пойтахт ва минтақаҳои атрофаш ҳам расидааст.

Бебарқӣ ва хонаҳои сард беш аз ҳама зиндагии оилаҳоеро мушкил кардааст, ки тифл доранд. Сокинон мегӯянд, дар хонаҳои сарду торик фарзандони хурдсолашон бемор шудаву азият мекашанд.

Расман дар Тоҷикистон аз якуми феврал “лимит” эълон шуд. Мардум мегӯянд, ин вазъ аз тирамоҳ боз ҳукмфармост.

Ин дар ҳолест, ки мақомот аз бештар шудани истеҳсоли барқ хабар доданд. Ҷамшед Нурмуҳаммадзода, раиси Оҷонси омори Тоҷикистон гуфт, соли гузашта ба 106 миллион доллар ба Афғонистону Узбекистон барқ фурӯхта шуд.

"Барқи Тоҷик” сабаби маҳдудиятро афзоиши талабот ва сарфи зиёди оби обанборҳо номид. Сокинон бовар надоранд. Мақомот низ санаи ба поён расидани "лимит"-ро нагуфтанд.

Маҳмадумар Асозода, раиси ширкати "Барқи Тоҷик", гуфт, "дар рӯзҳои гармӣ бояд барқро қатъ намоянд", чун истеҳсоли нерӯи барқ кофӣ нест.

Вазъ солҳо боз дар Тоҷикистон чунин аст. Тирамоҳу зимистон мардум соатҳо бебарқ мемонанд.

Ҳар сол ба мардум ваъда медиҳанд, ки бебарқ нахоҳанд монд, аммо вазъ такрор мешавад ва маълум нест, кай хонаҳои сарду торики сокинон гарму рӯшан мешавад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG