Роҳи Душанбе-Чаноқ баъд аз муддати кӯтоҳи баста будан дигарбора боз шудааст.
Дар ин бора ширкати мутассадии нигоҳубин ва ҷамъоварии пул дар ин роҳи муҳим, ки шимоли Тоҷикистонро бо марказ мепайвандад, хабар дод.
Инновейтив Роуд Солюшнз (IRS) рӯзи 20-уми феврал дар саҳифааш дар Фейсбук навишт, пас аз поксозии роҳ аз тармаҳои рӯзҳои ахир ҳаракати нақлиёт дар роҳи Душанбе-Чаноқ иҷоза дода шуд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода гуфт, дар як шабонарӯзи гузашта дар роҳҳои Тоҷикистон 9 дафъа тарма ва ё баҳман сабт шудааст ва дар маҷмуъ аз 15-ум то 19-уми феврал дар кишвар 200 мавриди тармафароӣ, 7 ярч ва 6 сангрезӣ мушоҳида гардидааст.
Гуфтугӯ