Марҳилаи гурӯҳии қисми ниҳоии Ҷоми ФФТ (Федератсияи футболи Тоҷикистон)-2023 дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор ба поён расид. Чаҳор даста ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёфт. Дар 1/2 финали мусобиқот рӯзи чоршанбе, 22-юми феврал, КМВА бо «Панҷшер» ва «Регар-ТадАЗ» бо «Равшан» рақобат мекунанд.
Дар марҳилаи муқаддамотии Ҷоми ФФТ-2023 дастаҳо ба ду гурӯҳ тақсим шуданд. Ба гурӯҳи «А» КМВА (Душанбе), «Истаравшан» (Истаравшан), «Равшан» (Кӯлоб) ва «Ҳосилот» (Фархор), ба гурӯҳи «Б» «Парвоз» (Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд), «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода), «Панҷшер» (Ҷалолиддини Балхӣ) ва «Душанбе» (Душанбе) дохил буданд.
Мусобиқа аз рӯи системи даврӣ дар як давра баргузор шуд. Аз ҳар гурӯҳ дудастаӣ ба 1/2 финал роҳ ёфтанд. Ғолибони даври ниманиҳоӣ дар финал, дастаҳои мағлубшуда бошанд, барои ҷойи сеюм мубориза мебаранд.
Дар гурӯҳи «А» КМВА (Клуби марказии варзишии артиш)-и Душанбе бо 6 имтиёз ҷойи аввал ва «Равшан»-и Кӯлоб бо 5 имтиёз ҷойи дуюмро гирифта, ба нимфинал баромаданд.
Дар гурӯҳи «Б» «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода бо 9 имтиёз дар ҷойи аввал ва «Панҷшер»-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо 6 имтиёз дар ҷойи дуюм қарор гирифта, ба даври ниманиҳоӣ роҳ пайдо карданд.
Маблағи умумии ҷоизаҳои Ҷоми ФФТ 100 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Ба дастаи ғолиб ба ҷуз аз Ҷому медалҳои тило, 50 ҳазор сомонӣ супурда мешавад. Ҷоизадори нуқра 30 ҳазор сомонӣ ва ҷоизадори биринҷӣ 20 ҳазор сомонӣ мегиранд.
Ҷоми ФФТ (Федератсияи футболи Тоҷикистон)-2023
Қисми ниҳоӣ
Гурӯҳи «А». Даври 3-юм
«Истаравшан» – «Ҳосилот» – 0:4
Голҳо: Далер Чолов, 13 (0:1). Абдураҳмон Нозимов, 26 (0:2). Амирҷон Худойдодов, 33 (0:3). Амирҷон Худойдодов, 72 (0:4).
Аз майдон хориҷ шуд: Шоҳрух Шамсиев («Истаравшан»), 30 – барои таҳқири сардовар.
Беҳтарин бозигари дидор: Амирҷон Худойдодов («Ҳосилот»).
«Равшан» – КМВА – 1:0
Гол: Муҳаммадшарифи Саидхоҷа, 21.
Беҳтарин бозигари дидор: Евгений Гритсенко («Равшан»).
Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали гурӯҳи “А”
Ҷ |
ДАСТАҲО |
Б |
Ғ |
М |
Б |
Т |
И |
1 |
КМВА (Душанбе) |
3 |
2 |
0 |
1 |
7-2 |
6 |
2 |
«Равшан» (Кӯлоб) |
3 |
1 |
2 |
0 |
4-3 |
5 |
3 |
«Ҳосилот» (Фархор) |
3 |
1 |
1 |
1 |
7-4 |
4 |
4 |
«Истаравшан» (Истаравшан) |
3 |
0 |
1 |
2 |
1-10 |
1 |
Гурӯҳи «Б». Даври 3-юм
«Регар-ТадАЗ» – «Душанбе» – 7:0
Голҳо: Ҳикматулло Расулов, 8 (1:0). Фирӯз Бобиев, 15 (2:0). Фирӯз Бобиев, 25 (3:0). Акбарҷон Шарипов, 41 (4:0). Акбарҷон Шарипов, 62 (5:0). Гурез Аслонов, 67 (6:0). Нуриддин Ҳамроқулов, 89 (7:0).
Беҳтарин бозигари дидор: Фирӯз Бобиев («Регар-ТадАЗ»).
«Панҷшер» – «Парвоз» – 6:1
Голҳо: Муҳаммад Ризомов, 16 (1:0). Иззатулло Файзуллоев, 23 (2:0). Бахтовар Назриев, 38 (2:1). Муҳаммад Ризомов, 58 (3:1). Хайриддин Турахонов, 59 (4:1). Хайриддин Турахонов, 75 (5:1). Муҳаммад Ризомов, 86 (6:1).
Беҳтарин бозигари дидор: Муҳаммад Ризомов («Панҷшер»).
Мавқеи дастаҳо дар гурӯҳи «Б»
Ҷ |
ДАСТАҲО |
Б |
Ғ |
М |
Б |
Т |
И |
1 |
«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) |
3 |
3 |
0 |
0 |
16-1 |
9 |
2 |
«Панҷшер» (Ҷалолиддини Балхӣ) |
3 |
2 |
0 |
1 |
9-4 |
6 |
3 |
«Душанбе» (Душанбе) |
3 |
1 |
0 |
2 |
1-9 |
3 |
4 |
«Парвоз» (Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд) |
3 |
0 |
0 |
3 |
1-13 |
0 |
Нимфинал
22 феврал (чоршанбе)
11:00 – Нимфинали аввал
14:30 – Нимфинали дуюм
25 феврал (шанбе)
11:00 – Бозӣ барои ҷойи сеюм
15:00 – Финал
Эзоҳ: ҳамаи бозиҳо дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор баргузор мешаванд.
Гуфтугӯ