Фаворис Музрапов, варзишгари тоҷик, дар мусобиқаи байналмилалӣ оид ба варзиши сабук барои дарёфти ҷоизаҳои қаҳрамони олимпӣ Олга Рипакова, ки 18-уми феврал дар шаҳри Уст-Каменогорски Қазоқистон баргузор шуд, медали нуқра ба даст овард.
Чунонки Оҷонсии иттилоотии байналмилалии «Казинформ» хабар додааст, дар ин мусобиқаи анъанавӣ варзишгарон аз панҷ кишвар – Қазоқистон, Қирғизистон, Узбекистон, Тоҷикистон ва Арманистон -ширкат варзида, аз рӯи 11 навъи рақобатҳо ҳунарнамоӣ карданд.
Тоҷикистонро дар ин мусобиқа танҳо як варзишгар – Фаворис Музрапов – муаррифӣ намуд. Вай дар давидан ба масофаи 60 метр бо натиҷаи 6,87 сония мақоми дуюмро касб карда, бо медали нуқра сарфароз гашт.
Зимнан, мусобиқаи байналмилалӣ оид ба варзиши сабук барои дарёфти ҷоизаҳои қаҳрамони олимпӣ Олга Рипакова аз соли 2015 баргузор мешавад. Рипакова соли 2012 дар Олимпиадаи Лондон дар ҷаҳиши секарата медали тило, соли 2008 дар Пекин медали нуқра ва соли 2016 дар Рио-де-Жанейро медали биринҷӣ гирифтааст.
Ёдовар мешавем, варзишгарони тоҷик дар мусобиқоти 10-уми қаҳрамонии Осиё оид ба варзиши сабук дар иншооти сарпӯшида, ки рӯзҳои 10-12-уми феврал дар пойтахти Қазоқистон – шаҳри Остона - баргузор шуд, ширкат карда, як медали биринҷӣ ба даст оварданд.
Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон Илдар Аҳмадиев (ҷаҳиш ба дарозӣ), Фаворис Музрапов (дав ба масофаи 60 метр), Леонид Пронженко (дав ба масофаи 400 метр ва бисёрҳарба), Александр Пронженко (дав ба масофаи 400 метр), Муҳаммадризо Мирзозода (дав ба масофаи 800 метр) ва Мирсаид Мирзозода (эстафетаи 4x400 метр) дохил буданд.
Ин яке аз муҳимтарин чорабиниҳои варзишии Ассотсиатсияи варзиши сабуки Осиё дар соли 2023 буд. Қобили зикр аст, ки мусобиқоти қаҳрамонии Осиё оид ба варзиши сабук дар иншооти сарпӯшида бори аввал дар қаламрави кишварҳои ИДМ (Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил) доир гардид.
Дар ин чорабинии муҳим, ки дар маҷмааи варзишии «Qazaqstan» (“Қазоқистон”)-и шаҳри Остона сурат гирифт, беш аз 500 варзишгар аз 31 кишвари қора ширкат варзиданд.
Варзишгарон дар мусобиқоти 10-уми қаҳрамонии Осиё оид ба варзиши сабук дар иншооти сарпӯшида оид ба 26 навъи рақобатҳо миёни мардону занон (давидан, ҷаҳидан, гулӯлапартоӣ, бисёрҳарба ва эстафета) ҳунарнамоӣ карданд.
Дастаи Тоҷикистон дар ҳайати Леонид Пронженко, Александр Пронженко, Муҳаммадризо Мирзозода ва Мирсаид Мирзозода дар эстафетаи 4x400 метр бо натиҷаи 3.34,45 ҷойи сеюмро соҳиб шуда, бо медали биринҷӣ сарфароз гаштанд.
Зимнан, варзишгарони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё оид ба варзиши сабук дар иншооти сарпӯшида, ки аз соли 2004 баргузор мешавад, ягон ҷоиза ба даст наоварда буданд.
Дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё оид ба варзиши сабук дар иншооти сарпӯшида дар Остона мунтахаби Ҷопон бо касби 15 медал (6 тило, 5 нуқра, 4 биринҷӣ) дар ҳисоби умумӣ ғолиб шуд. Мунтахаби Қазоқистон бо касби 12 медал (6 тило, 3 нуқра ва 3 биринҷӣ) ҷойи дуюм ва дастаи Қатар бо касби 8 медал (2 тило, 4 нуқра ва 2 биринҷӣ) ҷойи сеюмро азони худ карданд.
Гуфтугӯ