Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Аробакашу муҳоҷир ҳисоб нест." Дар Тоҷикистон киро бекор меҳисобанд? ВИДЕО


Мардикорбозори Душанбе
Мардикорбозори Душанбе

Масъулони Оҷонси омор гуфтанд, дар ҳоли ҳозир дар кишвар 53,5 ҳазор бекор ҳаст, вале аксарият ба дурустии он шубҳа доранд. Ҳар сол садҳо ҳазор кас барои кор ба Русия ва кишварҳои дигар мераванд.

Ҷамшед Нурмаҳмадзода, раиси Оҷонси омор, рӯзи 14-уми феврал аз коҳиши теъдоди бекорон дар кишвар ситоиш кард. Нурмаҳмадзода гуфт, феълан а 2,5 миллион нерӯи корӣ дар кишвар танҳо 2,1 дарсадашон ҳамчун бекор сабт шудаанд.

Хабарнигорон дар нишаст гуфтаҳои раиси Оҷонси оморро ба баҳс кашиданд. Суоли асосӣ ин буд, ки чаро теъдоди мардикорон ва муҳоҷирон зиёд асту шумораи бекорон дар Тоҷикистон ҳамагӣ 53 ҳазор?

Ҷамшед Нурмаҳмадзода ба дурустии омори расмӣ пойфишорӣ мекард.

Ҷамшед Нурмуҳаммадзода
Ҷамшед Нурмуҳаммадзода

"Бозорҳоро бинед, қувваи корӣ чӣ хел кор карда истодаанд. Мумкин шахс ҳамчун бекор сабт шудааст, лекин дар асл кор мекунад. Ин масъалаи нозук аст ва мо бояд бар сари он кор кунем. Бекор сабтином кардааст, аммо ароба кашида истодааст ё меравад мардикорӣ мекунад,” -- афзуд раиси Оҷонси омор.

Як ҷустуҷӯи кӯтоҳ нишон дод, ки омори мақомот дар бораи теъдоди бекорон солҳои ахир тақрибан тағйир намеёбад.

Мақомот дар соли 2020 гуфта буданд, ки теъдоди бекорон ҳамагӣ 2,1 дарсади аҳолии қувваи кории фаъолро дар кишвар ташкил медиҳад. Оҷонси омор баъд аз ду сол айнан ҳамин оморро нашр кард.

Изҳороти мақомоти Тоҷикистон дар бораи шумори бекорон ҳамеша шубҳаву гумонҳоро ба дунбол доштааст. Аз ҷумла, соли 2020 Бонки Ҷаҳонӣ шумораи бекоронро дар кишвар панҷ баробар бештар аз омори расмӣ гуфта буд.

Дар ҳоле ки мардикорбозорҳо пур аз корҷӯён аст, мақомот мегӯянд, танҳо шахсонеро бе шуғл сабт мекунанд, ки агар ба мақомот муроҷиат карда, худро дар феҳрасти бекорон бигузорад.

Видеоро дар инҷо бинед:

Идораи омор мегӯяд, дар Тоҷикистон бекор зиёд нест. Вале кори шоиста ҳам зиёд набудааст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:52 0:00

Бар асоси қонунҳои Тоҷикистон вақте корҷӯ худро ҳамчун бекор дар Идораи шуғли аҳолӣ сабти ном мекунад, ба муҳлати се моҳ аз давлат ёрӣ мегирад. Вале ба гуфтаи масъулини Вазорати меҳнат, на ҳама бекорон аз чунин мадад бархӯрдоранд.

Ба се навъи муроҷиаткунандагон кумаки молӣ расонида мешавад. Шахсоне, ки аз ҷойи кори худ ихтисор шудаанд ё ашхосе, ки аз хидмати ҳарбӣ ва муассисаҳои иҷрои ҷазо озод гаштаанд. Маблағи кумак дар моҳ як маоши ҳадди ақал аст, ки то моҳи июл 400 сомонӣ буд, ҳоло ба 600 сомонӣ расидааст.

Мушкили бекориро дар Тоҷикистон беш аз ҳама мардикорон дарк мекунанд. Бештари онҳо ҷойи кори дақиқ надоранд ва дар сармову гармо аз субҳ то шом дар назди бозорҳо мунтазири пайдо кардани коре мемонанд.

Пурсиши мо дар яке аз мардикорбозорҳои Душанбе нишон дод, ки касе худро дар рӯйхати бекорон сабт накардааст. Хуршед, як ҳамсуҳбати мо, пурсид, "агар худро дар рӯйхати бекорон сабт кунам, чӣ фойида аст? Кӣ маблағ медиҳад? Дар куҷо аст ин гап? Инро бори аввал аз худат шунида истодаам."

Барои ӯ ва мардикорони дигар муҳим нест, ки номашон дар рӯйхати шахсони бекор ҳаст ё не. Аз кумакпулии давлат ҳам чандон умеди зиёде надоранд. Барои онҳо, ки дар ҳавои сард, соатҳо мунтазири корфармо меистанд, муҳим ин аст, ки бегоҳ ба назди зану фарзандон дасти холӣ барнагарданд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG