Бозиҳои даври аввали марҳилаи гурӯҳии қисми ниҳоии Ҷоми ФФТ (Федератсияи футболи Тоҷикистон)-2023 рӯзи сешанбеи 14-уми феврал бо иштироки ҳашт даста дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор баргузор шуд.
Дар марҳилаи муқаддамотии Ҷоми ФФТ-2023 дастаҳо ба ду гурӯҳ тақсим шудаанд. Ба гурӯҳи «А» КМВА (Душанбе), «Истаравшан» (Истаравшан), «Равшан» (Кӯлоб) ва «Ҳосилот» (Фархор) дохиланд. Дар гурӯҳи «Б» «Парвоз» (Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд), «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода), «Панҷшер» (Ҷалолиддини Балхӣ) ва «Душанбе» (Душанбе) бозӣ мекунанд.
Дар даври аввали мусобиқа дар гурӯҳи «А» КМВА (Клуби марказии варзишии артиш)-и Душанбе бар «Ҳосилот»-и Фархор бо ҳисоби 2:1 пирӯз шуд. Бозии дигари ин гурӯҳ миёни дастаҳои «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшан ва «Равшан»-и Кӯлоб бо ҳисоби мусовии 1:1 хотима ёфт.
Дар гурӯҳи «Б» «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода бар «Панҷшер»-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо ҳисоби 3:1 ва «Душанбе»-и шаҳри Душанбе бар «Парвоз»-и Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд бо ҳисоби 1:0 ғалаба карданд.
Мусобиқа аз рӯи системи даврӣ дар як давра баргузор мешавад. Баъдан аз ҳар гурӯҳ дудастаӣ ба 1/2 финал роҳ меёбанд. Сипас ғолибони даври ниманиҳоӣ дар финал, дастаҳои мағлубшуда бошанд, барои ҷойи сеюм мубориза мебаранд.
Маблағи умумии ҷоизаҳои Ҷоми ФФТ имсол 100 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Ба дастаи ғолиб ба ҷуз аз Ҷому медалҳои тилло, 50 ҳазор сомонӣ супурда мешавад. Ҷоизадори нуқра 30 ҳазор сомонӣ ва ҷоизадори биринҷӣ 20 ҳазор сомонӣ мегиранд.
Ҷоми ФФТ (Федератсияи футболи Тоҷикистон)-2023
Қисми ниҳоӣ
Гурӯҳи «А»: КМВА, «Истаравшан», «Равшан», «Ҳосилот».
Гурӯҳи «Б»: «Парвоз», «Регар-ТадАЗ», «Панҷшер», «Душанбе».
Даври 1-ум
Гурӯҳи «А»
КМВА – «Ҳосилот» – 2:1
Голҳо: Шодиҷон Муродов, 6 (0:1). Наврӯз Рустамов, 10 - ба дарвозаи худ (1:1). Комрони Мирзохон, 78 (2:1).
Аз майдон хориҷ шуд: Нгану Дориан (КМВА), 83 – корти зарди 2-юм, Ҳасан Рустамов («Ҳосилот»), 89 – рафтори дағалона.
Беҳтарин бозигари дидор: Хуршед-Темур Ҷӯраев (КМВА).
«Истаравшан» – «Равшан» – 1:1
Голҳо: Ҳасан Фараҳ, 29 (0:1). Шаҳзод Иноятов, 75 (1:1).
Беҳтарин бозигари дидор: Муҳаммадшарифи Саидхоҷа («Равшан»).
Гурӯҳи «Б»
«Парвоз» – «Душанбе» – 0:1
Гол: Шамсиддин Қосимов, 85.
Беҳтарин бозигари дидор: Шамсиддин Қосимов («Душанбе»).
«Регар-ТадАЗ» – «Панҷшер» – 3:1
Голҳо: Абдухалил Боронов, 54 (1:0). Шуҳрат Элмуродов, 56 (2:0). Хайриддин Тӯрахонов, 72 – аз пеналти (2:1). Шуҳрат Элмуродов, 90+1 (3:1).
Беҳтарин бозигари дидор: Шуҳрат Элмуродов («Регар-ТадАЗ»).
Даври 2-юм
Гурӯҳи «А»
16 феврал (панҷшанбе)
11:00 – «Ҳосилот» – «Равшан»
14:30 – КМВА – «Истаравшан»
Гурӯҳи «Б»
17 феврал (ҷумъа)
11:00 – «Душанбе» – «Панҷшер»
14:30 – «Парвоз» – «Регар-ТадАЗ»
Даври 3-юм
Гурӯҳи «А»
18 феврал (шанбе)
11:00 – «Истаравшан» – «Ҳосилот»
14:30 – «Равшан» – КМВА
Гурӯҳи «Б»
19 феврал (якшанбе)
11:00 – «Регар-ТадАЗ» – «Душанбе»
14:30 – «Панҷшер» – «Парвоз»
22 феврал (чоршанбе)
11:00 – Нимфинали аввал
14:30 – Нимфинали дуюм
25 феврал (шанбе)
11:00 – Бозӣ барои ҷойи сеюм
15:00 – Финал
Эзоҳ: ҳамаи бозиҳо дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор баргузор мешаванд.
Гуфтугӯ