Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Абдуллоҳро баргардонед." Эътироз ба тарафдории паноҳҷӯи ихроҷшудаи тоҷик дар Олмон


Эътирозгарон аз ҳукумати Олмон талаб карданд, ки паноҳҷӯи ихроҷшудаи тоҷикро баргардонанд.
Эътирозгарон аз ҳукумати Олмон талаб карданд, ки паноҳҷӯи ихроҷшудаи тоҷикро баргардонанд.

Гурӯҳе аз тоҷикони муқими Олмон ҳамроҳ бо дӯстони олмониашон бо талаби пас гардондани Абдуллоҳи Шамсиддин, писари Шамсиддин Саидов, яке аз фаъолони мухолифини тоҷик, дар шаҳри Дортмунд эътироз карданд.

Дар этирозе, ки нисфирӯзии 16-уми феврал дар назди Идораи кор бо хориҷиёни шаҳри Дортмунд баргузор шуд, беш аз 30 нафар тоҷикону олмониҳо ширкат карданд.

Абдуллоҳи Шамсиддин рӯзи 18-уми январи имсол аз Олмон ба Тоҷикистон истирдод шуд, вале наздиконаш мегӯянд, дар бораи макони будубоши ӯ хабар надоранд. Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон низ рӯзи 15-уми феврал гуфт, ки чунин нафареро боздошт накардаанд.

Фарҳод Одинаев, як тан аз созмондиҳандагони эътироз рӯзи 16-уми феврал дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, аз мақомоти Олмон талаб карданд, ки Абдуллоҳро дубора ба Олмон пас биоранд.

“Мо як нома омода кардем ва ба намоядаи Идораи кор бо хориҷиён супурдем. Ба онҳо гуфтем, ки аз ҳукумати Тоҷикистон талаб кунанд, ки маълумот диҳанд ва ӯро баргардонанд. Як моҳ шуд ҷои буду бошаш маълум нест,”—гуфт ӯ.

Ба гуфтаи Одинаев, номаро ба як корманди Идораи кор бо хориҷиён супурданд.

Баъд аз се дафъа рад шудани дархости Абдуллоҳи Шамсиддин барои монданаш дар Олмон, мақомоти ин кишвар ӯро рӯзи 18-уми январ ба Душанбе ихроҷ кардаанд. Ҷое, ки ҳанӯз дар куҷо буданаш маълум нест. Абдуллоҳи Шамсиддин 32-сола аст ва аз соли 2009 дар Олмон мезист.

Пештар тасмими ихроҷи ӯ аз кишвари аврупоӣ боис ба эътирози ҳамкоронашу намояндагони созмонҳои ҳомии ҳуқуқ гардид. Онҳо ташвиш доштанд, ки Абдуллоҳи Шамсиддин ба сабаби пайравӣ аз ҳизби дар кишвар мамнӯи наҳзати исломӣ ва қазияи падараш, Шамсиддин Саидов, дар Тоҷикистон шиканҷа ва зиндонӣ хоҳад шуд. Шамсиддин Саидов дар ғайбаш дар Тоҷикистон ба 15 сол зиндон маҳкум шудааст.

Пас аз мамнуъ ва террористӣ эълон шудани ҲНИТ дар Тоҷикистон бисёре аз аъзо ва ҷонибдорони ин ва созмонҳои дигари сиёсии мухолиф дар Аврупо, аз ҷумла Олмон, паноҳанда шуданд. Мақомоти аврупоӣ аризаи на ҳамаи онҳоро мепазиранд.

XS
SM
MD
LG