Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Созмони маъруфи ҳомии ҳуқуқи инсонро дар Тоҷикистон бастанд


Кормандони “Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон” ба суолҳои ҳуқуқии сокинон посух медоданд.
Кормандони “Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон” ба суолҳои ҳуқуқии сокинон посух медоданд.

Бо пешниҳоди Вазорати адлияи Тоҷикистон фаъолияти як созмони маъруфи ҳуқуқи инсон дар кишвар қатъ шудааст.

Ба иттилои Вазорати адлия, кори ташкилоти “Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон” ҳафтае пеш бо ҳукми додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе қатъ гардидааст.

Намояндагони ин созмон гуфтанд, ҳоло ин масъаларо шарҳ дода наметавонанд.

Асадулло Ҳакимзода, муовини вазири адлияи Тоҷикистон, рӯзи 16-уми феврал ҳангоми як нишасти хабарӣ гуфт, “Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон” барои “саривақт пешниҳод накардани огоҳиномаи молиявӣ ва дигар қонуншиканиҳо манъ шудааст”.

“Вайрон кардани талаботи оиномавӣ буд, сари вақт огоҳиномаи фаъолияти молиявиро пешниҳод накард. Ғайр аз ин як қатор қонуншиканиҳо дар самти молия ва меҳнат ошкор карда шуд,”--афзуд, Асадулло Ҳакимзода. Ӯ ҷузъиёти бештар надод.

Шоира Давлатова, раҳбари иҷроияи созмони “Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон”, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “айни ҳол расмиёти барҳамдиҳӣ рафта истодааст, бино бар ин ягон шарҳ дода наметавонанд”. Ӯ таъкид намуд, ки ҳукми додгоҳ рӯзи 26-уми январ содир шудааст ва ҳоло қувваи қонунӣ нагирифтааст. Ба қавли ӯ, “пас аз гирифтани ҳалномаи суд тарафҳо ҳуқуқ доранд, ки дар муддати як моҳ шикоят баранд.”

Намояндаи ин созмон афзуд, ки мурофиаи додгоҳии бастани Марказ як рӯз давом кард, вале ӯ назарашро дар бораи то куҷо воқеӣ будани даъвои Вазорати адлия нагуфт.

Ташкилоти ҷамъиятии “Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон”, аз ҳуқуқшиносон ва гурӯҳи адвокатҳо иборат буд, ки дар парвандаҳои пурсарусадо аз ҳуқуқи шаҳрвандон ройгон ҳимоя мекард. Адвокатҳои ин созмон аз ҳуқуқи баъзе аз журналистони тоҷик дар ин чанд моҳи ахир низ дар мурофиаҳои додгоҳи ҳимоя карда буданд. Ахиран Абдураҳмон Шарифов, вакили мудофеи “Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон”, аз ҳимояи хабарнигор Абдуллоҳ Ғурбатӣ, ки маҳкум ба зиндон шудааст, даст кашид.

“Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон” соли 2010 таъсис ёфта, дар Вазорати адлияи Тоҷикистон расман сабти ном шуда буд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG