Теъдоди афроде, ки дар маҳаллаи Носири Хусрави шаҳри Хоруғ зери тарма ҷон додаанд, ба 10 нафар расидааст. Бими он аст, ки шумораи қурбониён бештар ҳам бошад.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон гуфт, ки ҷасади як писару духтари хурдсол ва чор занро аз зери тарма берун кардаанд. Субҳ ду ҷасади дигар ёфта буданд.
Ба гуфтаи Кумита, нуҳ нафари дигар наҷот ёфтаанд.
Субҳи рӯзи 15-уми феврал дар шаҳри Хоруғ - маркази Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон тақрибан даҳ хона, консулгарии Афғонистон ва шуморе аз сокинон зери барф мондаанд.
Умеда Юсуфӣ сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода рӯзи 15- уми феврал ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳодиса субҳи имрӯз дар кӯчаи Носири Хусрав рух дод ва ҳоло наҷотбахшон дар маҳалли ҳодиса қарор доранд.
Видеоро инҷо тамошо кунед:
Ҷустуҷӯйи сокинони дигар идома дорад.
Тарма ба хатти нерӯи барқ низ осеб расонда, шаҳри Хоруғро бе барқ гузоштааст.
Аксҳоро инҷо бинед:
Танҳо дар як рӯзи охир дар ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон тақрибан 10 бор тарма фаромада, барои муддате ҳаракати мошинҳоро дар қитъаҳои гуногуни роҳ номумкин кард.
Як рӯз пеш дар шаҳри роҳи Хоруғ, Роштқалъа тарма мошинеро бо 10 мусофираш пахш кард. Мусофирон зинда монданд, вале ҷароҳат бардоштаанд. Онҳо ба бемористон интиқол ёфтаанд. Воқеа нишон дод, ки Хоруғ, пойтахти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, иншооту чораҳои эҳтиётие барои пешгирӣ аз ҳамлаи баҳман ё тарма надоштааст.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон бо такя ба маълумоти Оҷонсии обуҳавошиносӣ аз боришоти пуршиддат ва хатари тармафароӣ аз 15 -ум то 17- уми феврал ҳушдор медиҳад. Бинобар ин, аз сокинон хоҳиш шудааст, аз сафари безарурат ба минтақаҳои баландкӯҳ худдорӣ намоянд.
Гуфтугӯ