Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Кӯлоб мошини додситони Восеъро оташ заданд


Ҷумъаназар Сайидаҳамадзода, додситони ноҳияи Восеъ
Ҷумъаназар Сайидаҳамадзода, додситони ноҳияи Восеъ

Мақомот як сокини 50-солаи шаҳри Кӯлобро бо гумони оташ задани мошини Ҷумъаназар Сайидаҳамадзода, додситони ноҳияи Восеъ, боздошт кардаанд.

Шаби 12 ба 13-уми феврал мошини хидматии додситони Восеъ дар маҳаллаи Шамсиддин Шоҳини Кӯлоб оташ гирифт.

Мақомоти маҳаллӣ гуфта буданд, ки зоҳиран мошин қасдан оташ зада шудааст.

Ду манбаъ дар додситонӣ ва Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, ки сокини 50-солаи Кӯлоб бо гумони “қасдан оташ задани амволи давлатӣ” боздошт шудааст.

Ба гуфтаи манобеи Радиои Озодӣ, боздоштшуда сабаби оташ задани мошини додситонро “хусумати шахсӣ” номидааст.

Онҳо шарҳ надоданд, ки манзур аз “хусумати шахсӣ” чӣ ҳаст ва то куҷо боздоштшуда гуноҳи худро эътироф кардааст. “Ҳоло барои ташхис либосҳояш гирифта шудааст. Ҳозир тафтиш рафта истодааст ва сабабҳояш боз аниқ хоҳад шуд,”--гуфт манбаъ.

Ба қавли ҳамсуҳбатони Радиои Озодӣ, ҳодисаро як гурӯҳ аз Додситонии кулли Тоҷикистон таҳқиқ доранд.

Назари марди боздоштшуда ва наздикони ӯ маълум нест.

Ҷумъаназар Сайдаҳмадзода аз соли 2020 додситони ноҳияи Восеъ аст. Ӯ дар маҳалли Шамсиддини Шоҳини шаҳри Кӯлоб зиндагӣ мекунад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG