Бинои асосии "Тоҷиксодиротбонк", ки баъд аз муфлисшавии ин бонк ба фурӯш гузошта шуд, харидор пайдо накардааст. Қимати ин бино, ки дар маркази пойтахт ҷойгир аст, 125 миллиону 265 ҳазору 630 сомонӣ муайян шуда буд. "Тоҷиксодиротбонк" дар гузашта яке аз бонкҳои бузург ва низомсоз ба шумор мерафт.
Саъдӣ Қодирзода, раиси Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон рӯзи 14-уми феврал дар нишасти хабарӣ гуфт, "чанд маротиба музояда гузарониданд, вале аз сабаби гарон будани нархи музоядаи биноҳо, харидор пайдо нашуд".
Ин кумита қаблан гуфта буд, ки дар сурати пайдо шудани харидорон, нархи ин биноҳо метавонад боло равад ё дар сурати адами харидор, эҳтимол нарх поин оварда шавад. Дар бораи ин бино гуфта мешавад, ки беш аз 22 ҳазор метри мураббаъ масоҳат дорад.
Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ҳамчунон меҳмонхонаи "Тоҷикистон"-ро, ки қаблан ба Тоҷиддин Пирзода, саҳмдори асосии "Тоҷиксодиротбонк" тааллуқ дошт, ба фурӯш гузошта буд. Аммо Қодирзода таъкид кард, ки барои харидории биноҳои "Тоҷисодиротбонк" ва меҳмонхонаи "Тоҷикистон" таваҷҷуҳ кам аст.
Нархи ибтидоии меҳмонхонаи "Тоҷикистон", ки низ дар маркази шаҳр ҷойгир аст, 225 миллиону 285 ҳазору 624 сомонӣ муайян шудааст. Бинобар шарҳи Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, меҳмонхона аз 139 ҳуҷра иборат буда, зиёда аз ду гектар замин дорад.
Фурӯш ва таракаи амволи "Тоҷиксодиротбонк" дар ҳолест, ки ҳудуди 2 сол қабл Бонки Миллии Тоҷикистон иҷозаи фаъолияти "Тоҷиксодиротбонк" ва "Агроинвестбонк"-ро пас гирифт. Бо ҳукми додгоҳ барои тақсиму таракаи амвол ва дороиҳои ин ду бонки муфлисшуда, мудири муваққат таъин шудааст.
Раиси Кумитаи сармоягузорӣ гуфт, ки дар соли 2022 дар умум 8 иншооти "Агроинвесбонк" ва "Тоҷиксодиротбонк" ба маблағи беш аз 20 млн сомонӣ фурӯхта шуд. Ба иттилои мақомот, ҳангоми бозхонд шудани муҷаввиз, "Агроинвестбонк" тақрибан 28 ҳазор ва "Тоҷиксодиротбонк" 5,5 ҳазор мизоҷ доштанд.
Хазинаи суғурта ё бимаи пасандозҳои муштариён то 30 ҳазор сомонӣ амонатҳоеро, ки бо сомонӣ гузошта шудаанд, мепардозад. Касоне, ки пасандоз доранд, бо асъори хориҷӣ ҳамагӣ то 21 ҳазор сомонӣ ҷуброни пулӣ мегиранд. Пулҳои боқимондаи амонатгузорон дар раванди барҳамдиҳӣ, яъне фурӯши амволи бонк ва доду ситад бо қарздорон бояд пардохта шавад.
Гуфтугӯ