Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ошиқ шудам, ҳис кардам, одами ман аст." Қиссаи издивоҷи Саидалӣ ва Мусаллам. ВИДЕО


Сайидалӣ ва Мусаллам
Сайидалӣ ва Мусаллам

Як ҷуфти ошиқ дар ноҳияи Файзобод шаш сол боз “Рӯзи ошиқон”-ро бо ҳам ҷашн мегиранд.

Дар аксар кишварҳои дунё 14-уми февралро чун Рӯзи ошиқон ё рӯзи Валентин таҷлил мекунанд.

Сайидалии 52-сола ва Мусаллами 48-сола пас аз солҳо ҷустуҷӯ ҳамдигарро пайдо карданд ва мегӯянд, "ошиқи ҳамдигаранд."

Саидалӣ Баҳодуров, сокини ноҳияи Файзобод то 46-солагӣ даҳҳо духтарро хостгор шуд, вале ҷавоби рад гирифт. Ӯ мегӯяд, сабаби рад шудани хостгорҳояш кутоҳ будани қомат ва надоштани хона буд. Духтардорҳо шарт мегузоштанд, ки дар Душанбе хона харад. Саидалӣ нақл мекунад, ки боре ба як духтари маъюб хостгор шуд, вале падараш шарт гузошт, ки “аввал дар Душанбе хона харад.”

Ӯ ноумед шуда буд ва фикр дошт, ки шояд то охири умр барои худ шарики зиндагӣ намеёбад. Рӯзе тадқир ӯро аз Файзобод ба Хуҷанд бурд ва онҷо ҳамсари ояндаашро дид. Яке аз Файзобод дигаре аз Хуҷанд дар ҳамон ҷо ба ҳам дил додаанд.

“Дар истироҳатгоҳ истироҳат рафта будам. Барои оила барпо кардан нарафта будам. Ӯ бо аммааш хеста омад. Вохурӣ кардем. Гуфтам, маъқул карда бошӣ, марҳамат. Маъқул накарда бошӣ, ҳеҷ гап не. Гуфтам, падару модар надорам, ки хонаи шумо хостгорӣ биоянд. Майлаш гуфт. Аммаш овард, гирифта овардам. Тую маърака кардем,”—гуфт, ӯ.

Видеоро инҷо бинед:

Қиссаи ишқи осмонии Саидалӣ ва Мусаллам
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:48 0:00

Мусаллам Ҷураеваи 50-сола духтари аввали як хонаводаи серфарзанд буд. Ӯ мегуяд, ҳама хоҳару бародаронашро ҳамроҳи модараш бузург ва хонадор кард. Ҳамеша умед дошт, ки рӯзе хостгорҳо дари хонаашонро мекӯбанд. “Барои мардакам ситораам гарм шуд. Ҳис кардам, ки одами ман аст. Ошиқ шудам ва дилам розӣ шуд, бо ҳам омадем,”—гуфт, ӯ.

Саидалӣ ва Мусаллам шаш сол шуд, бо ҳам зиндагӣ доранд. Онҳо 300 сомонӣ нафақаи маъюбӣ мегиранд, вале ҳамроҳ бекор намешинанд. Онҳо ҳуранманданд. Ҳунари бофтанро Мусалам аз Саидалӣ омӯхтааст. Ҳамчунин ба онҳо мардуми хайрхоҳ ҳам кумак мерасонанд.

Онҳо мегӯянд, дар зиндагӣ мушкил доранд, вале чун ҳамдигарро дарк мекунанд ва дӯст медоранд, ҳама мушкилиҳо ба осонӣ пушти сар мешаванд. Мегӯянд, агар соҳиби фарзанд мешуданд, зиндагӣ боз ҳам ширинтар мешуд.

"Табобат кардам, ҳомиладор нашудам, зиқ шудам. Ояндаро фикр кардам, ки аз ягон сағерахона як духтар гирифта калон кунам, ба фарзанд меҳр диҳам, то дар оянда ману шавҳарамро нигоҳубин кунад,"--гуфт ӯ.

Бо вуҷуди тамоми мушкилиҳо, Саидалӣ ва Мусаллам худашонро хушбахт мегуянд.

Саидалӣ Баҳодуров ва ҳамсараш худро хушбахт медонанд. "Мехӯрем, мегардем. Ба куҷое хоҳем, бо ҳам меравем. Ҳама ҳасад мехуранд, ки шумо ҳаргиз аз ҳам ҷудо намешавед ва ҳамеша якҷоя ҳастед. Хонаи падараш равон кардам, як ҳафта истоду омад. Маро ёд кард. Дӯсташ медорам, лекин ҷангаш мекунам, қаҳр мекунад, боз пагоҳ оштӣ мекунем. Ба бағалам меояд,"--гуфт Саидалӣ.

Ин ҷуфт дар манзили кӯчаке дар ноҳияи Файзобод барои худ зиндагӣ сохтанд ва бо орзуҳои бузурге бо ҳам зиндагӣ мекунанд. Онҳо дар зоҳиру ботин шабеҳи ҳам ҳастанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG