Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи XXVII байналмилалӣ оид ба самбо барои ҷоизаҳои президенти Беларус, ки рӯзҳои 10-11-уми феврал дар Қасри варзиши шаҳри Минск баргузор шуд, се медал ба даст оварданд.
Маҳмуд Абдуллоев, дабири кулли Федератсияи самбои Тоҷикистон, рӯзи 14-уми феврал ба Радиои Озодӣ гуфт, ки дар ин мусобиқаи анъанавӣ беш аз сад варзишгар аз панҷ кишвар: Беларус, Русия, Арманистон, Қазоқистон ва Тоҷикистон иштирок карда, барои медалҳо аз рӯи 21 дараҷаи вазн (7 вазн миёни мардон, 7 вазн - занон ва 7 вазн - самбои размӣ) мубориза бурданд.
"Тоҷикистонро дар ин мусобиқа се нафар намояндагӣ карда, се медали биринҷӣ гирифтанд. Паҳлавони маъруфи тоҷик Акмалиддин Каримов дар намуди самбои варзишӣ дар вазни то 64 кило ҷойи сеюмро соҳиб шуд. Ду гуштигири дигари тоҷик - Меҳрубони Абдулҳақ дар вазни то 71 кило ва Шерзод Неъматуллоев дар вазни то 88 кило – дар риштаи самбои размӣ сеюм шуданд", - гуфт Маҳмуд Абдуллоев.
Зимнан, ин мусобиқа барои самбочиёни тоҷик дар мавсими нав аввалин мусобиқаи байналмилалӣ ба шумор мерафт.
Ёдовар мешавем, Акмалиддин Каримов соли 2016 дар мусобиқаи байналмилалии дараҷаи “А” барои ҷоизаҳои президенти Беларус, ки он замон яке аз даврҳои Ҷоми ҷаҳонии самбо маҳсуб мешуд, соҳиби медали биринҷӣ гардида буд.
Акмалиддин Каримов, ки соли 2021 дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон дар шаҳри Тошканди Узбекистон дар риштаи самбои варзишӣ дар вазни то 58 кило медали тилло гирифт, ба Радиои Озодӣ гуфт, "бузургтарин мусобиқоти имсола барои ман чемпионати ҷаҳон оид ба самбо мебошад, ки рӯзҳои 10-12-уми ноябр дар шаҳри Еревани Арманистон баргузор мешавад. Ман ба ин мусобиқот омодагии хуб мебинам ва мақсад дорам, ки бори дуюм барандаи медали тилло шавам. Дарвоқеъ, то ҳоло касе ду бор аз Тоҷикистон дар ин намуд қаҳрамони ҷаҳон нашудааст".
Гуфтугӯ