Кумитаи тафтишоти Русия ҳамлаи эҳтимолии гурӯҳи муҳоҷирони тоҷик ба як блогери рус дар шаҳри Санкт-Петербургро таҳқиқ мекунад. Як муҳоҷири тоҷик боздошт шудааст. Дипломатҳои тоҷик ин ҳодисаро иғво меноманд.
Навори Кирилл Шучер, блогери рус, ки ба як духтари тоҷик гӯё бар ивази ҳамхобагӣ телефони Айфон пешниҳод кардааст, хашми бархе аз муҳоҷирони тоҷикро ба бор овард. Ӯ саҳнаеро нишон дод, ки духтар ба бӯсидани ӯ розӣ мешавад, вале баъдан иддао кард, ки ин духтар пешниҳоди робитаи маҳрамона ва ҳам гирифтани телефони гаронро рад кардааст.
Рӯзи 12-уми феврал Кирилл Шучер, блогери рус дар наворе бо чеҳраи хунолуд иддао кард, ки ӯро муҳоҷирони тоҷик дар автобус латтукӯб кардаанд. Ӯ иддао кардааст, ки ду ҳафта боз мавриди таҳдиду таъқиби нафарони ношинос буд.
Дафтари матбуоти Кумитаи тафтишоти Русия хабар дод, ки раиси ин сохтор Александр Бастрикин ба О.Бобков, иҷрокунандаи вазифаи сардори раёсати ин ниҳод дар Санкт-Петербург супориш додааст, ки “маълумоти дар телеграм-каналҳо нашршуда дар бораи ин ки дар як моҷаро гурӯҳи муҳоҷирон ба як сокини Санкт-Петербург осеби ҷисмонӣ расонидааст, бисанҷад.”
Маълум нест ин парванда аз рӯи кадом модда баррасӣ мешавад, вале ба навиштаи манбаъ, қазия таҳти назорати дастгоҳи марказии Кумитаи тафтишотӣ қарор дорад.
Видеоро инҷо тамошо кунед:
Дипломатҳои тоҷик дар ин шаҳр ҳодисаро таҳқиқ мекунанд ва мегӯянд, як ҳадафи онҳо ин аст, ки парвандаи мазкур одилона баррасӣ шавад, то ки ба амали ҳама ширкатдорони ин қазия аз рӯи адолат баҳо дода шавад.
Дар наворе, ки худи Шучер шоми дирӯз нашр кард, шунида мешавад, ки як нафаре, ки гӯё ӯро задааст, ба тоҷикӣ суҳбат мекунад.
Консулгарии Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия ин қазияро таҳқиқ мекунад. Ҳомидҷон Назарӣ, консули генералӣ дар суҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ рӯзи 13-уми феврал гуфт, ки дипломатҳои тоҷик ин қазияро “як провокатсия” ё иғво арзёбӣ мекунанд. Ба гуфтаи ӯ, эҳтимолан дар ин кор ду шаҳрванди Тоҷикистон даст задааст – яке дар навор иштирок кардааст ва нақши нафари дуюм санҷида мешавад. Боздошти як нафар тасдиқ шудааст.
Ҳомидҷон Назарӣ дар суҳбати телефонӣ гуфт, ба он далел ин ҳодисаро иғво медонанд, ки ҳанӯз маълум нест, ки он духтар тоҷик аст ё не. “...суханҳое, ки вай (Шучер) мегӯяд, мебахшед, ба ягон фарҳанг рост намеояд. Баъд ин ки бо духтар тавре суҳбат мекунад, ки гӯё пешакӣ машварат карда бошанд. Блогер ҳам шояд аз паи ин навор мехоҳад муштариҳои худро бештар кунад... Мо мехоҳем, ки дар миёни шаҳрвандони мо овозаҳои бардурӯғ паҳн нашаванд, яъне ки ҳисси миллию “ватандӯстии дурӯғин”, ки баъзеҳо мегӯянд, эҷод накунанд, то ки таъсири манфӣ нарасонад ба дигар шаҳрвандоне, ки ин ҷо ҳастанд.”
Дипломатҳои тоҷик мегӯянд, ин қазия бояд дар доираи қонун баррасӣ шавад ва ҳам саволу амалҳои иғвоангезе, ки эҳтимолан боиси сар задани ҳодиса шудааст, дар оянда роҳ дода нашаванд. Аз сӯи дигар, онҳое, ки амали ҳамлагаронро маҳкум мекунанд, ба худсарии ҳамлагарони гумонбар ишора мекунанд ва мегӯянд, ки ҳеҷ кас ҳақ надорад аз пеши худ касеро барои коре ҷазо диҳад, латукӯб кунад, чун ин ҳам кори ғайриқонунӣ мебошад.
Дар Русия дар гузашта ҳам ҳодисаҳое буд, ки гӯё барои кадом бадрафториҳои ахлоқӣ гурӯҳи муҳоҷирон аз Узбекистон ё Қирғизистон худсарона даст ба гӯё муҷозоти духтарони ҳамватанашон ваё озордиҳандагони эҳтимолии онҳо мезаданд. Ҳамаи ин ҳодисаҳо одатан бо муҷозоти ҳамлагарон меанҷомад.
Гуфтугӯ