Раҳбари ширкати "Барқи тоҷик" мегӯяд, дақиқ намедонад, ки маҳдудият дар додани барқ ба сокинони минтақаҳои кишвар то кай давом мекунад. Ин дар ҳоле аст, ки бебарқӣ дар ҳафтаҳои ахир боиси нигаронии сокинон шудааст.
Маҳмадумар Асозода, раиси ширкати "Барқи тоҷик" рӯзи 13-уми феврал зимни нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, "ин масъала ба вазъи обу ҳаво ва ҳаҷми борону захира шудани об бастагӣ дорад". Ба таъкиди раиси ширкати "Барқи тоҷик", бо таваҷҷуҳ ба ин, феълан дақиқан гуфта наметавонад, ки лимити барқрасонӣ кай аз байн бардошта мешавад.
Видеоро дар инҷо тамошо кунед:
Вай дар посух ба ин пурсиш, ки чаро пас аз эълони бекор кардани лимит, дере нагузашта маҳдудият ҷорӣ шуд, гуфт, "дар январи соли ҷорӣ вобаста ба сардиҳои бениҳоят зиёд дастур дода шуд, ки барқ ба таври шабонарӯзи ба аҳолии мамлакат таъмин карда шавад. Чун албатта сардӣ бениҳоят зиёд буд, дар ин рӯзҳои сардӣ мардум бо барқ таъмин карда шуд. Аммо вобаста ба он, ки ҳаво сард буд, истифдабарии барқ дар дохили кившар бениҳоят боло рафт..."
Раиси "Барқи тоҷик" афзуд, ки бо беҳтар гардидани резиши об, норасоие, ки аз ҳисоби истифодаи аз ҳад зиёд ба миён омад, рӯйпуш карда мешавад ва мардум ба пуррагӣ бо барқ таъмин мегарданд.
Изҳороти раиси "Барқи тоҷик" дар ҳолест, ки ин шабурӯз шикоятҳо аз маҳдудияти барқ бештар шуда, сокинон мепурсанд, ки ин вазъ то кай давом мекунад.
Ширкати "Барқи тоҷик" даҳсолаҳо аз тавлид то интиқолу тақсим ва фурӯши нерӯи барқро дар кишвар пурра ба ихтиёр дорад, аммо норасоии нерӯи барқро ҳеч вақт бартараф карда натавонист.
Гуфтугӯ