Соли гузашта 383 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон барои кор ба Британияи Кабир фиристода шудаанд. Дар ин бора масъулини Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ рӯзи 13-уми феврал хабар доданд.
Ба гуфтаи масъулини вазорат, коргарони тоҷик дар асоси ду озмун ва аз тарафи ширкати бритонии "Про-форс” интихоб шудаанд.
Шаҳноза Нодирӣ, муовини вазири меҳнат ва муҳоҷират гуфт, коргарони тоҷик барои шаш моҳ ба Бритониё фиристода мешаванд. Муҳоҷирони тоҷик дар Бритониё асосан дар бахши кишоварзӣ кор мекунанд.
Муовини вазири меҳнат афзуд, моҳи январ гуруҳи навбатии коргарони тоҷик аз суҳбат гузаштаанд. Дар назар аст, ки охири моҳи март ё аввали апрели имсол гуруҳи навбатии муҳоҷирони тоҷик ба Бритониё фиристода шаванд.
Баъди берун шудан аз Иттиҳоди Аврупо, Бритониё ба даъвати муҳоҷирони корӣ аз кишварҳои Осиёи Марказӣ шурӯъ кард. Ҳазорон муҳоҷир аз Тоҷикистону Узбекистон ва Қирғизистону Қазоқистон ба корҳои мавсимӣ дар киштзорҳои ин кишвар ҷалб шудаанд.
Пештар Сафорати Бритониё дар Тоҷикистон аз афзоиши ҳолатҳои қаллобӣ барои даъват ба кор дар ин кишвар хабар дод. Ба сафорат маълум шудааст, ки барои ҷалби коргарони мавсимии кишоварзӣ ба кор дар Бритониё пешниҳодҳои қалбакӣ зиёд шудааст.
Бахши асосии муҳоҷирони тоҷик ба Русия мераванд, вале ба хотири маоши кам ва тафтишҳои зиёд як қисми онҳо талош мекунанд худро ба кишварҳои аврупоӣ ва Бритониё расонанд.