Дастаи мунтахаби наврасони футболи Тоҷикистон (U-17) бо роҳбарии сармураббӣ Раҳматулло Фузайлов барандаи медалҳои биринҷии мусобиқаи байналмилалии "Ҷоми рушд-2023" дар Минск гардид.
Мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар рӯзи охирини ин мусобиқаи анъанавӣ, ки 11-уми феврал дар пойтахти Беларус баргузор шуд, дар бозӣ барои ҷойи сеюм ба дастаи Русия (U-16) бо ҳисоби 3:0 пирӯз шуд. Голҳоро Абубакр Сулаймонов, Ориёнмеҳри Нуриддин ва Масрур Ғафуров заданд.
Ҳамин тариқ, мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар «Ҷоми рушд-2023» аз чаҳор бозӣ дар дутоаш ғолиб омада, ду бозиро мусовӣ кард. Футболбозони навраси тоҷик дар марҳилаи гурӯҳии мусобиқа бозиҳоро бо дастаҳои Русия (U-17) бо ҳисоби 1:1 ва Беларус (U-16) бо ҳисоби 2:2 анҷом дода, бар тими Эрон (U-17) бо ҳисоби 3:1) пирӯз шуданд.
Ҳамин тариқ, мунтахаби Тоҷикистон (U-17) бо касби панҷ имтиёз дар гурӯҳи «В» мақоми дуюмро соҳиб шуд ва барои медалҳои биринҷӣ ба дастаи «Русия» (U-16) бо ҳисоби 3:0 ғалаба кард.
Дар гурӯҳи «В» мунтахаби Русия (U-17) бо касби ҳафт имтиёз ғолиб гардид. Бозии ҳалкунанда – ниҳоии мусобиқа байни ғолибони гурӯҳҳо – дастаҳои мунтахаби то 17-солаи Қазоқистон ва Русия 11-уми феврал сурат гирифт.
Мунтахаби Русия (U-17) бо роҳбарии сармураббӣ Денис Первушин дар финал дастаи Қазоқистон (U-17)-ро бо ҳисоби 3:1 шикаст дода, барандаи «Ҷоми рушд-2023» гардид. Голҳои русиягиҳоро Вадим Пастушков, Иван Бобёр ва Егор Сисоев ба самар расониданд. Як голи қазоқҳоро Илёс Абил зад.
Зимнан, барои мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) ширкат дар “Ҷоми рушд-2023” дар Минск яке аз марҳилаҳои омодагии даста ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2023, ки имсол дар Тайланд доир мегардад, маҳсуб мешуд.
Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми рушд-2023» дар Мински Беларус
Бозӣ барои ҷойи сеюм
Русия (U-16) – Тоҷикистон (U-17) – 0:3
Голҳо: Абубакр Сулаймонов, 42 (0:1). Ориёнмеҳри Нуриддин, 72 (0:2). Масрур Ғафуров, 79 (0:3).
11-уми феврал. Толори футболи Минск.
Финал
Қазоқистон (U-17) – Русия (U-17) – 1:3
Голҳо: Вадим Пастушков, 2 (0:1), Илёс Абил, 9 (1:1), Иван Бобёр, 68 (1:2), Егор Сисоев, 73 (1:3).
11-уми феврал. Толори футболи Минск.
Гуфтугӯ