Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аввал милиса, баъд табибу омӯзгор. Маошу нафақа зиёд мешавад?


Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, бо имзои як фармон музди кормандони муассисаҳои давлатӣ, маъмурони милиса, афсарон, додситонҳо ва дигар кормандони мақомоти интизомиро аз 20 то 25 дар сад боло бурдааст.

Бар асоси фармон, ки рӯзи 6-уми феврал имзо шудааст, музди кори кормандони сохторҳои интизомӣ ва афсарони неруҳои мусаллаҳи Тоҷикистон бояд аз рӯзи 1-уми марти имсол боло бурда шавад ва музди кори афсарон бар асоси рутбаҳояшон на камтар аз 895 сомонӣ бошад.

Музди кори кормандони идораҳои давлатӣ, аз ҷумла табибону муаллимон бояд аз рӯзи 1-уми июл 20 дар садӣ афзуда шавад.

Ҳаҷми стипендияи донишҷӯён ҳам 20 дар сад боло меравад ва камтарин ҳаққи нафақа дар Тоҷикистон бояд на камтар аз 250 сомонӣ бошад. Ҳукумат гуфтааст, боло бурдани ҳаҷми музди кори кормандони идораҳои давлатӣ ва мақомоти интизомӣ "барои боло бурдани некӯаҳволии мардум ва ҳифзи иҷтимоии он аст".

Музди кори кам дар идораҳои давлатии Тоҷикистонро яке аз омилҳои асосии фасоду ришвахорӣ медонанд. Айни замон гуфта мешавад, ки бо вуҷуди афзудани маошҳо, гаронии қиматҳо тағйири чандоне дар зиндагии мардум ба вуҷуд намеорад.

XS
SM
MD
LG