Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Наҷоти тифле, ки дар зери вайронаҳои Ҳалаб ба дунё омад


Як тифлро, ки дар зери вайронаҳо дар вилояти Ҳалаби Сурия ба дунё омад, наҷот додаанд.

Наҷотбахшон мегӯянд, навзодро замоне ёфтанд, ки ҳанӯз нофи ӯ бо модараш пайваст буд.

Навори наҷоти ӯ рӯзи 7-уми феврал дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шуд. Дар он марде кӯдаки навзодро аз зери харобаҳо берун овардааст.

Навзод пас аз даҳ соати зилзилаи 6-уми феврал пайдо карда шуд. Наҷотбахшон нофи тифлро бурида, ӯро ба шифохонаи Африн бурданд.

Ба гуфтаи пизишкон, вақте духтари навзодро ба беморхона оварданд, ҳарораташ 35 дараҷа ва танаш пур аз доғу захм буд, вале дар умум ҳолаташ хуб арзёбӣ мешавад.

Модари навзод фавтидааст. Ба гуфтаи пизишкон, агар кӯдак то замони заминларза ва тахриб шудани биноҳо таваллуд мешуд, эҳтимол аз сардӣ зинда намемонд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG