Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Дар минтақаҳои зилзилазадаи Туркия тахминан 100 тоҷик мезист" ВИДЕО


Хонаҳои фурӯрехта. Ҳатай, Туркия. 7-уми феврали 2023
Хонаҳои фурӯрехта. Ҳатай, Туркия. 7-уми феврали 2023

Дипломатҳои тоҷик дар Туркия мегӯянд, то ин дам ҳеч мавриди осеб дидан ё талафоти шаҳрвандони Тоҷикистон дар заминларзаи ин кишвар сабт нашудааст.

Бахтиёр Абдуғаффорзода, як масъули сафорати Тоҷикистон дар Анкара, рӯзи 8-уми ферал гуфт, дар минтақаҳои зилзилазадаи Туркия тахминан 100 шаҳрванди Тоҷикистон, аз ҷумла то 20 донишҷӯ, зиндагӣ мекарданд.

"Аз замони рӯй додани фоҷеа тахминан 20-25 нафар ба сафорат муроҷиат карданд," – афзуд ӯ.

Баъзе аз шаҳрвандони Тоҷикистон дар маҳалҳои офатзадаи Туркия ба Радиои Озодӣ гуфтанд, аз зилзила ҷон ба саломат бурданд, вале дар шароити номуайянӣ монданд.

Дар ҳоле ки, ба гуфтаи онҳо, намояндагони кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ ба шаҳрвандони худ барои берун рафтан аз маҳалли ҳодиса мадад мекунанд.

Як ҳавопаймо 16 шаҳрванди Қазоқистон ва ду шаҳрванди Қирғизистонро аз Туркия берун овардааст.

Як зани тоҷик, ки интизори таваллуди кӯдак аст, рӯзи 8-уми феврал ба зарурати тарки макони фоҷеа ва камбуди ёрӣ гуфт. Бахтиёр Абдуғаффорзода мегӯяд, ин зан бо ёрии сокинони маҳаллӣ дар хонаи як дӯсташ сарпаноҳ ёфт ва эҳтимол ба Истанбул ё Анкара интиқол ёбад.

Видео: Нақли як тоҷики муқими Туркия. Навор 7-уми феврал сабт шудааст:

Бар асари зилзилаи шадид дар Туркия ва Сурия ҳазорҳо нафар ҷон бохтаанд. Ҷустуҷӯ ва наҷоти одамон аз зери харобаҳо идома дорад. Нигарониҳо дар бораи бештар шудани теъдоди қурбониён зиёд аст.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG