Президенти Русия Владимир Путин гуфт, Маскав дар вокуниш ба интиқоли танкҳои ғарбӣ, аз ҷумла "Леопардҳо"-и олмонӣ ба Украина посухи худро дорад.
Ин нуктаро ӯ ҳангоми суханронияш бахшида ба 80-умин солгарди ғалаба дар муҳорибаи Сталинград баён дошт ва афзуд, ки "бо истифодаи зиреҳпӯшҳо кор хотима намеёбад".
Путин исрор меварзад, ки Русия бори дигар маҷбур шудааст, то аз "таҷовузи дастаҷамъонаи Ғарб пешгирӣ кунад". Президенти Русия дар идома дар бораи кадом як "идеологияи натсизм", ки ба гуфтаи ӯ, ба амнияти кишвараш хатар дорад, суҳбат карда, изҳор дошт, ки "ҷанги муосир бо Русия дигар хоҳад буд".
"Боварнокарданист, вале ҳақиқат дорад. Онҳо боз моро бо танкҳои олмонӣ, ки рамзи салиб доранд, таҳдид мекунанд ва мехоҳанд, бо дасти "бандерҳо" дар хоки Украина боз зидди Русия биҷанганд", - изҳор дошт Путин.
Вазири умури хориҷии Украина Дмитрий Кулеба ахиран дар як нишасти хабарӣ эълом кард, ки Киев аз шарикони ғарбии худ то 140 танк дарёфт хоҳад кард. Ба гуфтаи ӯ, ба Украина танкҳои "Leopard 2", "Challenger 2" ва "M1 Abrams" медиҳанд.
Амрико, Олмон ва кишварҳои дигар ҳафтаҳои охир ба фиристодани силоҳҳои бештар ба Украина, аз ҷумла танкҳои пешрафта мувофиқат карданд.
Гуфтугӯ