Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Игор Черевченко: Ман барои кӯмак ба футболи тоҷик омадаам


Игор Черевченко.
Игор Черевченко.

Аввалин тамрини «Истиқлол»-и Душанбе, қаҳрамони феълии Тоҷикистон, бо роҳбарии сармураббии нави даста Игор Черевченко 23-юми январ баргузор шуд.

Чунонки сомонаи расмии бошгоҳи “Истиқлол” хабар додааст, машқи аввалини даста пас аз таътили зимистона дар толори Академияи "Ювентус"-и шаҳри Душанбе доир гардид. Қабл аз тамрин роҳбарияти бошгоҳ сармураббии нав Игор Черевченко ва ёвари ӯ Юрий Батуренкоро ба бозигарон муаррифӣ карданд.

Дастпарвари футболи тоҷик Игор Черевченко баъди он ки сармураббии “Истиқлол” таъйин шуд, дар як нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон гуфт, чаро «Истиқлол»-ро интихоб кард, дар ҳоле ки аз дигар бошгоҳҳои кишварҳои хориҷӣ низ ба ӯ пешниҳодҳо шуда буд.

- Вақте ки тими миллии Русия бо мунтахаби Тоҷикистон бозӣ мекард, ман ба ватанам омада будам. Тоҷикистон дар Лигаи қаҳрамонҳои Осиё бозӣ мекунад. Ин аллакай ҷолиб аст. Чемпионати чаҳон дар Қатар нишон дод, ки футбол дар Осиё пеш меравад. Дар Лигаи қаҳрамонҳои Осиё бозӣ кардан бароям ҷолиб мебуд. Бинобар ин, пас аз гуфтушунид бо роҳбарияти «Истиқлол» розӣ шудам. Ман дар Душанбе ба дунё омада, ба воя расидаам ва дар ин ҷо ба ман футболбозиро омузондаанд. Аз ин рӯ, мехостам қарзро ба Ватан баргардонам”, - иброз дошт Игор Черевченко.

Муҳлати шартномаи Игор Черевченко бо бошгоҳи «Истиқлол» то охири соли 2023 мебошад. - Мо тамоми шароитро муҳокима кардем. Дар мавриди муҳлати шартнома бошад, гуфтаниам, ки як сол кор кунем, баъд мебинем. Мо пешакӣ намедонем, ки дар ин давра дар ҳаёт чӣ дигаргунихо ба амал омада метавонад. Маоши ман сирри тиҷоратӣ аст. Зимнан, ман ба Тоҷикистон на барои маблағи калон, балки баҳри кӯмак ба футболи тоҷик омадаам”, - гуфт Игор Черевченко ба хабарнигорон.

Роҳбарияти бошгоҳи “Истиқлол” дар назди сармураббии нав вазифаҳои баланд гузоштааст, аз он ҷумла, дар Лигаи қаҳрамонҳои AFC (Конфедератсияи футболи Осиё) аз гурӯҳ ба плей-офф баромадан аст.

- Моҳи феврал ният дорем ба Туркия сафар кунем. Дар он ҷо дар Анталия мо бо чаҳор дастаи хориҷӣ бозиҳои санҷишӣ анҷом медиҳем. Як рақибамон аллакай маълум аст – 23-юми феврал бо “Факел”-и Воронеж бозӣ мекунем. Дар рафти ин ҷамъомад бозигарони навро озмоиш хоҳем кард, - гуфт Игор Черевченко.

Ба гуфтаи сармураббии нав дар Ҷоми ФФТ (Федератсияи футболи Тоҷикистон) дар минтақаи Душанбе дастаи ҷавонони “Истиқлол” ҳунарнамоӣ хоҳад кард. Ҳайати асосӣ бошад, ба мавсими нав аз рӯи барномаи алоҳида омодагӣ мебинад.

Маълумотнома

Игор Черевченко 21-уми августи соли 1974 дар Душанбе таваллуд шудааст. Дастпарвари бошгоҳи футболи «Помир»-и Душанбе мебошад. Падараш Геннадий Черевченко яке аз бозигарони калидии дастаи “Помир”, ҳимоятгар буд. Игор Черевченко низ дар солҳои 90-ум дар ҳайати тими миллии Тоҷикистон дар хатти дифоъ бозӣ кардааст.

Игор Черевченко аз соли 1996 то 2001 дар ҳайати “Локомотив”-и Маскав, баъдан “Торпедо”-и Маскав ва “Алания”-и Владикавказ ҳунарнамоӣ кардааст. Ӯ дар ҳайати “Локомотив” чор бор Ҷоми Русияро ба даст оварда, ҷоизадори бисёркаратаи қаҳрамонии Русия гардидааст.

Баъди анҷоми фаъолияти футболбозиаш дар бошгоҳҳои «Локомотив»-и Маскав, «Балтика»-и Калининград, «Арсенал»-и Тула ва «Химки»-и Назди Маскав ба ҳайси мураббӣ ва сармураббӣ фаъолият кардааст.

Игор Черевченко аз моҳи феврали соли 2022 бекор буд. Ба ӯ якчанд пешниҳод аз бошгоҳҳои Русия ва кишварҳои дигар шуд, аммо вай дастаи зодгоҳаш - "Истиқлол"-ро интихоб кард.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG