Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Тоҷикистон аз хатари фаромадани тарма гуфтанд


Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон гуфт, хатари фаромадани тарма дар минтақаҳои кӯҳӣ ва роҳҳое, ки Душанберо бо Суғду Рашту Бадахшон мепайвандад, то 20-уми январ боқист.

Аз сокинон хостаанд, дар қитъаҳои хатарноку осебпазир ба ҷамъоварии ҳезум машғул нашаванд.

Ба ронандагон тавсия шудааст, ки ҳангоми сафар чархҳои фарсударо нав кунанд ва лавозимоти заруриро бо худ бигиранд.

Сардии ҳаво боис ба ях бастани дарёи Панҷ дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон шудааст. Сокинони деҳаи Ширговади ноҳияи Дарвози Бадахшон мегӯянд, як ҳафта боз дар рӯди Панҷ яхпораҳо ба ҳам васл шудаанд.

Ба қавли бошандагони ноҳия, онҳо дар 30-40 соли охир бори аввал шоҳиди чунин ҳодиса шудаанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG