Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Темур Раҳимов ва Эмомалӣ Нуралӣ ба Португалия намераванд


Комроншоҳи Устопириён (бо либоси сафед).
Комроншоҳи Устопириён (бо либоси сафед).

Паҳлавонони тоҷик дар аввалин мусобиқаи имсолаи байналмилалии "фаслҳои ҷудои ҷаҳонӣ" - Grand Prix Portugal 2023, ки рӯзҳои 27-29-уми январ дар шаҳри Алмадаи Португалия баргузор мешавад, ширкат хоҳанд кард.

Аммо сомонаи Федератсияи ҷудои Тоҷикистон хабар додааст, ки ду узви тими миллии кишвар, паҳлавонони маъруф Темур Раҳимов ва Эмомалӣ Нуралӣ бинобар сабаби мушкили раводид дар мусобиқаи мазкур иштирок карда наметавонанд.

Тоҷикистонро дар ин мусобиқаи байналмилалӣ дар рақобатҳо миёни мардон ҳафт варзишгар - Обид Ҷебов (-66 кг), Беҳрӯзи Хоҷазода (-73 кг), Шодмон Ризоев (-81 кг), Сомон Маҳмадбеков (-81 кг), Комроншоҳи Устопириён (-90 кг), Ҷаҳонгир Маҷидов (-90 кг) ва Мансур Раҳмон (+100 кг) – намояндагӣ мекунанд. Тамура Тори, мутахассиси ҷопонӣ, дастаро ҳидоят хоҳад кард.

Ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF), дар Гран-прии Португалия ширкати 544 варзишгар (321 мард ва 223 зан) аз 79 кишвари панҷ қитъаи олам дар назар аст.

Ба ғолибону ҷоизадорони рақобатҳои инфиродӣ ба ҷуз аз медал, мукофоти молӣ супурда мешавад: барои ҷойи 1-ум - 3000 евро, барои ҷойи 2-юм - 2000 евро, барои ҷойҳои 3-юм - 1000-евроӣ.

Инчунин ширкаткунандагони ин мусобиқаи пурнуфузи байналмилалӣ соҳиби имтиёзҳо дар радабандии ҷаҳонӣ мешаванд.

Барномаи мусобиқа:

27-уми январ (ҷумъа). Қувваозмоиҳо дар вазнҳои -48 кг, -52 кг, -57 кг миёни занон; -60 кг, -66 кг миёни мардон.

28-уми январ (шанбе). Қувваозмоиҳо дар вазнҳои -63 кг, -70 кг миёни занон; -73 кг, -81 кг миёни мардон.

29-уми январ (якшанбе). Қувваозмоиҳо дар вазнҳои -78 кг, +78 кг миёни занон; -90 кг, -100 кг, +100 кг миёни мардон.

Ёдовар мешавем, Комроншоҳи Устопириён, паҳлавони шинохтаи тоҷик, дар Grand Prix Portugal 2022, ки рӯзҳои 28-30-юми январи соли гузашта дар шаҳри Алмадаи Португалия баргузор шуд, дар вазни то 90 кило медали биринҷӣ ба даст овард. Ӯ дар ин мусобиқа ягона варзишгар аз Тоҷикистон буд.

Комроншоҳ ба рақобат аз даври дуюм пардохт. Паҳлавони тоҷик баъди ду пирӯзӣ ба рақибонаш Достон Мейлиев (Узбекистон) ва Артём Бубир (Украина) ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёфт. Вале Комроншоҳ дар нимфинал аз Кристиан Парлати (Италия) мағлуб шуд. Баъдан барои ҷойи сеюм Имеда Гоголадзеро аз Гурҷистон шикаст дод ва соҳиби медали биринҷӣ, инчунин ҷоизаи молӣ ба маблағи як ҳазор евро гардид.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG