Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мавсими нави футбол дар Тоҷикистон моҳи апрел оғоз меёбад


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ якуми апрел шуруъ мешавад.

Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, мусобиқаи имсола, ки бори 32-юм доир мегардад, мисли мавсими гузашта аввал бо иштироки даҳ даста дар ду марҳила сурат мегирад. Сипас, дар марҳилаи дуюм дастаҳо ба ду гурӯҳ тақсим мешаванд. Имтиёзҳои дар марҳилаи аввал гирифташуда ба ҳисоб гирифта мешавад. Дар маҷмуъ ҳар як даста дар мусобиқаи лигаи олӣ 22 бозӣ анҷом медиҳад.

Соли гузашта дар мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ "Истиқлол"-и Душанбе бо касби 48 имтиёз ҷойи аввалро соҳиб шуда буд. «Истиқлол» бори ёздаҳум ба унвони қаҳрамони Тоҷикистон даст ёфт. «Равшан»-и Кӯлоб бо касби 35 имтиёз дар ҷойи дувум ва “Хуҷанд”-и шаҳри Хуҷанд бо касби 34 имтиёз дар зинаи сеюм ҷойгир шуданд.

«Истиқлол» дар мавсими имсола дар марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои AFC (Конфедератсияи футболи Осиё) бозӣ хоҳад кард. «Равшан» ва «Хуҷанд» Тоҷикистонро дар Ҷоми AFC намояндагӣ мекунанд.

Бозӣ барои Суперҷоми Тоҷикистон-2023

Бозӣ барои Суперҷоми Тоҷикистон-2023, рӯзи 6-уми май дар варзишгоҳи “20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон”-и шаҳри Хуҷанд барпо мегардад. Дар он қаҳрамон ва барандаи феълии Ҷоми Тоҷикистон - «Истиқлол»-и Душанбе ва ҷоизадори нуқраи мавсими гузашта - “Равшан”-и Кулоб бо ҳам рақобат мекунанд.

Дарвоқеъ, бозӣ барои Суперҷоми Тоҷикистон аз соли 2010 бори чордаҳум барпо мегардад. Дар 13 бозии пешин ҳамагӣ се даста Ҷоми олиро соҳиб гаштааст. "Истиқлол" ёздаҳ бор (2010, 2011, 2012, 2014, 2015, 2016, 2018, 2019, 2020, 2021 ва 2022) барандаи Ҷоми олӣ гардидааст. Дастаҳои “Равшан”-и Кӯлоб (2013) ва “Ҳосилот”-и Фархор (2017) якборӣ Суперҷомро ба даст овардаанд.

Соли гузашта дар бозӣ барои Суперҷоми Тоҷикистон, ки 8-уми май дар варзишгоҳи “ТАЛКО-Арена”-и шаҳри Турсунзода баргузор шуда буд, "Истиқлол", қаҳрамони Тоҷикистон бо "Хуҷанд", барандаи Ҷоми миллӣ, рақобат кард. Тақдири бозиро голи ягонаи дар дақиқаи 84-ум задаи Рустам Соиров ба нафъи «Истиқлол» ҳал намуд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG