Дар Афғонистон, ки баъди омадани Толибон ба сари қудрат аҳволи иқтисодаш табоҳ шуд, баъзе аз хонаводаҳо то ба ҳадде қашшоқ шудаанд, ки мегӯянд, омодааанд, фарзанди худро фурӯхта барои дигаронаш нон бихаранд.
Зӯҳро яке аз онҳост, ки дар деҳаи дурдасте дар вилояти Ғур зиндагӣ мекунад. Мегӯяд, ки нодорӣ ва набуди ғизо хонаводаашро то сарҳади фурӯши фарзанд овардааст: “Ҳолӣ ҳафт дона кӯдак дорам, маҷбурам, ки яке аз инҳоро, яке аз духтарон, ё писаронамро савдо кунам. Якеро бифурӯшам, дигариро наҷот диҳам. Ҳар кас мехоҳад, мехоҳам бифӯрушам.“
Зимистони имсол барои Зуҳрои 35-сола сахттар гузашта аст, зеро ҳамсари ӯ, узви неруҳои амниятии ҳукумати гузашта буд ва аз ҳисоби музди кор зиндагиашонро таъмир мекард. Абдулқодир шавҳари Зуҳро мегӯяд, ки кӯдаконаш ҳар рӯз аз гуруснагӣ мегирянд, аммо чорае надоранд: “Субҳу бегоҳу чошт фақат оби ҷӯш мехӯрем. Дигар ҳеч чиз намехӯрем. Вазъияти зиндагиамон бисёр хароб (бад) аст.”
Пеш аз ин муассисаҳои имдодӣ ба хонаводаи Заҳро ва Абдулқодир кӯмак мерасонданд, аммо пас аз онки Толибон кори занон дар муассисаҳои давлатиро манъ карданд, муассисаҳои имдодӣ корашонро боздоштанд. Абдулҳай Заим, раиси идораи фарҳанг ва иттилоот дар вилояти Ғӯр мегӯяд:
Кумакҳо, ки барои мардум муҳим аст, чун мушкилоти иқтисодиву фақру нодории мардум зиёд аст. Кумакҳои муассисаҳо (хайрия) муфид ҳаст, аммо бояд тавре бошад, ки ба манофеи мусулмонон дар мухолифат набошаду обрӯи мардум ҳифз шавад.”
Ба гуфтаи Заҳро шояд фарзандонашро аз сардии ҳавои имсол эмин нигаҳ дорад, аммо намедонад, барои рафъи гуруснагии беамони бачаҳояш чӣ кор кунад.
Гуфтугӯ