Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Русия ҷавонони то 30-сола ба артиш даъват мешаванд?


Раиси Кумитаи дифои Думаи давлатии Русия Андрей Картаполов гуфтааст, эҳтимол дар мавсими даъвати баҳории соли 2023 шаҳрвандони то 30-солаи ин кишвар ба артиш ҷалб шаванд.

"Комиссариатҳои ҳарбӣ бояд пеш аз оғози даъвати баҳорӣ муайян кунад, ки тибқи талаботи нав, чанд нафар доранд", - изҳор доштааст ӯ дар суҳбат бо нашрияи "Парламент".

Ба гуфтаи Картаполов, раванди боло бурдани синни даъват ба артиши Русия тадриҷан сурат мегирад ва ба эҳтимоли зиёд, аз як то се сол тӯл хоҳад кашид. "Барои ин ба қонунгузории амалкунанда, аз ҷумла, ба қонун "Дар бораи вазифаҳои ҳарбӣ ва хидмати ҳарбӣ" бояд як қатор тағйироту иловаҳоро ворид кард", - афзудааст вакили Думаи давлатӣ.

Қаблан Сергей Шойгу, вазири дифои Русия пешниҳод карда буд, ки синни даъват ба артиш боло бурда шавад ва ҷавонони то 30-соларо ба хидмат ҷалб кунанд.

Ҳоло ҷавонони аз 18 то 27-соларо дар Русия ба артиш даъват мекунанд ва шумори каме ба хидмат мераванд. Ба далели таҳсил дар мактабҳои олӣ ва имтиёзҳои дигар аксар ҷавонони зери синни 27 муваққатан аз хидмат озоданд.

XS
SM
MD
LG