Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Наҷоти 69 шаҳрванди бандмондаи Узбекистон дар Қазоқистон


Мақомоти вилояти Оқтеппаи Қазоқистон мегӯянд, даҳҳо шаҳрванди Узбекистонро, ки дар ду автобус ба далели боридани барфи зиёд дар роҳ дармонда буданд, ба ҷои амн интиқол додаанд.

Хадамоти матбуотии Департаменти ҳолатҳои фавқулодаи Оқтеппа хабар додааст, ки 11 январ як автобус бо 41 мусофир дар шоҳроҳи "Самара-Чимкент" дар ҳудуди ноҳияи Иргизи ин вилоят дармонда буд.

Ба иттилои манбаъ, дар дохили автобус 3 шаҳрванди Қазоқистон ва 38 узбекистонӣ қарор доштанд. Мусофирон дар бинои мактаби миёнае ҷой дода шудаанд.

Кормандони департамент худи он рӯз 31 шаҳрванди дармондаи дигари Узбекистонро дар ин шоҳроҳ наҷот додаанд. Ҳар ду автобус ба далели боридани барфи зиёд дар роҳ дармондаанд.

Дирӯз мақомоти Қазоқистон аз наҷоти даҳҳо муҳоҷири тоҷик хабар дода буданд, ки тариқи автобус аз Тоҷикистон ба Русия мерафтанд. Ба иттилои Департаменти ҳолатҳои фавқулоддаи вилояти Оқмола автобус бо 49 муҳоҷир, аз ҷумла 6 нафар кӯдак шаби 9-уми январ бинобар сардии шадид дар роҳи Остона – Петропавловск дармонданд.

Шаҳрвандони Тоҷикистон, ки бо кӯмаки мақомоти маҳаллӣ ва кормандони пулис наҷот ёфтанд, дар масҷиде ҷой ва бо хӯроки гарм таъмин карда шуданд.

Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Қазоқистон хабар додааст, ки дар натиҷаи барфи зиёд ва яхбандӣ 61 қитъаи роҳи мошингард дар саросари ин кишвар баста шудааст.

XS
SM
MD
LG