Сокинон дар шаҳраки Орихеви вилояти Запороже, ки дар наздикии хатти ҷабҳаи ҷанги Русия зидди Украина қарор дорад, шабро дар таҳхонаҳо рӯз мекунанд.
Шаҳрак аз нерӯи барқ, гази табиӣ ва оби гарм маҳрум аст. Бештари сокинон онро тарк кардаанд, вале бархе сокинон имкони тарки шаҳрро пайдо накардаанд ва зери хатар зиндагӣ мекунанд.
Арсений, як сарбози украинӣ мегӯяд, моҳе пеш дар ин шаҳрак 2500 нафар иқомат дошт. Ба гуфтаи ӯ, бархе макони зисташонро тарк мекунанд, вале бархе дубора бармегарданд.
Максим, як ронандаи маҳаллӣ мегӯяд, тӯли даҳ моҳи ахир ин шаҳрак аз нерӯи барқ, газ ва об маҳрум аст ва ҳама чиз тахриб шудааст. Ӯ гуфт, мисли садҳо нафар шабро дар таҳхонаҳо рӯз мекунанд.
"Ягона манбаи гармӣ дар ин шаҳрак ҳамон печҳои қадимӣ аст. Мо ин печҳоро оварда, кушиш мекунем, ҷиҳози заруриро барои фаъол намудани он насб кунем, то мардум тавонад, дар таҳхонаҳо шабро рӯз кунад,"—гуфт Максим.
Микола, аз ҷумлаи сокинонест, ки шаҳракро тарк накард ва ҳамроҳ бо панҷ узви оилааш дар таҳхона зиндагӣ мекунад.
"Ман набера дорам. Вақте оташборон шурӯъ мешавад, ӯ мегӯяд, "Бобо рафтем, дар таҳхона пинҳон шавем." Шаби гузашта нерӯҳои Русия оташ кушоданд, Ҳама чиз дар таҳхона ба ларза даромад,"—гуфт ӯ.
Дар деворҳои хонаи сокинон осори тир дида мешавад. Ҳамаи дару тирезаҳо ва боми хонаҳо шикастааст.
Арсений, сарбози украинӣ мегӯяд, "дар ин ҷо ягон мактаби фаъол намондааст ва артиши Русия мисли лашкари муғул тамоми мактабҳоро вайрон кард."
Мақомот дар ин шаҳрак талош доранд, ки ба сокинон хидмат расонанд. То ҳади имкон сокинонро бо об ва василаҳои гармидиҳӣ таъмин мекунанд.
Виталий, сокини маҳаллӣ тариқи балони газ, ки аз тарафи мақомот дастрас намудааст, об гарм мекунад.
Дар маҳаллаи онҳо 60 хонавода зиндагӣ мекард, вале ҳоло танҳо Виталий мондааст.
Почтаи Орихив фаъол буда, дар хидмати сокинони боқимонда мебошад. Сокинон аз инҷо нафақа дастрас мекунанд.
Нерӯҳои Русия оташборони инфрасохтори мулкии Украинаро идома медиҳанд.
Тибқи иттилои СММ тахминан 18 миллион аҳолии ин кишвар ба ёриҳои башарӣ ниёз доранд.
Гуфтугӯ