Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳақназар Ғоиб: Масъулияти шоирӣ вазнин аст. ВИДЕО


Ҳақназар Ғоиб, шоири тоҷик
Ҳақназар Ғоиб, шоири тоҷик

Ҳақназар Ғоиб, шоири шинохтаи тоҷик 80-сола шуд. Ӯ дар деҳаи Офтоблиқои шаҳри Кӯлоб ба дунё омадааст. Ягона фарзанд дар хонаводаи падар шеърнависиро аз замони наврасӣ оғоз кардааст.

“Ман бештар бо нафароне, ки қиссаву афсона ва ривоятҳои халқӣ мегуфтанд, дӯстӣ доштам ва онҳо дар хонаи мо ҷамъ мешуданд, қиссаву афсона мегуфтанд. Баъзан то рӯз мешиштем, қиссаҳои онҳоро ба ҳамон фаҳмиши кудакона шеър мекардам. Дар назди хонаи мо як сурфа буду як дарахти олу, болои ҳамон дарахт баромада шеърҳоро мехондам”,-- гуфт Ҳақназар Ғоиб.

Ҳақназар Ғоиб хатмкардаи Донишкадаи давлатии омӯзгории Кӯлоб аст. Офаридаҳои нахустини шоири қалӣ диққати шоири маъруф Аминҷон Шукӯҳиро ҷалб карда, як қисмати шеърҳои шоирро ӯ бо Мирзо Турсунзода, Мӯъмин Қаноат ва Убайд Раҷаб пешниҳоду таҳлил қарор додааст.

Шоири шинохтаи тоҷик Ҳақназар Ғоиб 80-сола шуд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:13:30 0:00

Ҳамон сол шеъри «Дил аз паси ту»-ро дар маҷаллаи «Садои Шарқ» нашр мекунанд. Ҳамсабақони шоир мегӯянд, ӯ аз давраи донишҷӯи бо шеърнависӣ шинохта буд. Гурез Иброҳимов, ҳамсабақи шоир мегӯяд: “Донишгоҳ дар Кӯлоб буд. Байни Кӯлобу Офтоблиқо, ҳамаги се ё чаҳор километр роҳ аст тақрибан, лекин Ҳақназар ҳамроҳи мо дар хобгоҳ хоб мекард. Мегуфт, ман намеравам хона, бо шумо меистам. Яъне як ҷиҳати баланди одамгариву инсонгарии ҳануз аз айёми донишҷӯиш айён буд”

Ҳақназар Ғоиб, баъди хатми донишкада як сол ба ҳайси омӯзгор кор кардааст. Баъди он ба рӯзноманигорӣ рӯй овард. Ӯ дар гузашта раиси Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони маданият сарвари Кумитаи телевизион ва радиои вилояти Кӯлоб, котиби масъули бахши Кӯлоби Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, сармуҳаррири рӯзномаи вилоятии «Хатлон», сармуҳаррири рӯзномаи «Навиди Кӯлоб» буд.

Дар ин замон силсилаи достонҳои ӯ «Эҳёнома», «Ҳасрати Фирдавсӣ», «Ҳасрати Эйнштейн», «Ашки Офтоб», «Сурӯши Хатлон» рӯи нашр омадаанд. Достони қаҳрамонии «Эҳёнома», ки ба корномаи қаҳрамони халқи тоҷик Темурмалик бахшида шудааст, соли 1989 сазовори нахустин Ҷоизаи ба номи Мирзо Турсунзода гардидааст. Соли 2000 асари «Сурӯши Хатлон» сазовори Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ шудааст.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG