Дар шаҳри Исфара алайҳи ду духтари ноболиғе, ки дар наворе ҳамсолашонро латтукӯб карда, ба дарё партофта буданд, парвандаи ҷиноятӣ боз кардаанд. Онҳо бо гумони авбошӣ ва ғоратгарӣ боздошт шудаанд.
Навори озори як духтари наврас аз сӯйи ду ҳамсолаш моҳи декабр дар шабакаҳои иҷтимоӣ сару садои зиёде ба по кард.
Мақомоти милисаи шаҳри Исфара дар гузорише ахиран қазияро батафсил шарҳ дода гуфтаанд, духтарон бо ин роҳ барои саркашии ҳамсолашон аз иҷрои дастури онҳо, ӯро ҷазо додаанд. Сабаби дигари мавриди латту куб қарор додани духтари наврас, писаре будааст, ки гӯё бо гуноҳи ӯ кораш ба милиса афтодааст.
Назари духтарони боздоштшуда ва пайвандони онҳо ба қазия дастрас нест. Аммо бино ба иттилои Хурсмандмурод Фозилов, сардори Шӯъбаи корҳои дохилӣ дар Исфара духтарони нооболиғ аз оилаҳои носолим буда, то боздошт ҳам дар қайди наврасони душвортарбия ва оворагард қарор доштаанд.
Ба гуфтаи ӯ духтарони боздоштшуда ҷое таҳсил намекарданд. Духтари дигаре, ки ҷарраёни озору азияти духтари наврас аз сӯйи ду ҳамсолашро навор мегирифт низ боздошт шуда, ба авбошӣ ва ҷалби наврасон ба ҷиноят муттаҳам шудааст.