Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гулчеҳра Сулаймонӣ. "Дар Душанбе ба ёди Бухоро зист"


Гулчеҳра Сулаймонӣ ва падараш Пайрав Сулаймонӣ. Акс аз манобеи боз
Гулчеҳра Сулаймонӣ ва падараш Пайрав Сулаймонӣ. Акс аз манобеи боз

Гулчеҳра Сулаймонӣ, шоири кӯдакон, агар зинда буд, рӯзи 1-уми январи имсол 95-сола мешуд. Ӯ аввалин шоири зан аст, ки соли 1977 барои маҷмӯаи "Себи хубон" ва "Чил кокули бозингар" бо ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ ва соли 1988 бо унвони Шоири халқии Тоҷикистон қадрдонӣ шуд. Вале ба қавли шоир Гулрухсори Сафӣ, "дилашро боз накард, ятимияшро аз ёд набурд."

"Рақами як"

Абдураҳмон Абдуманнонов
Абдураҳмон Абдуманнонов

Адабиётшинос Абдураҳмон Абдуманнонов мегӯяд, истеъдод ва зодаи хонаводаи шахси фарҳангӣ буданаш барои ташаккули эҷодии Гулчеҳра ба ҳайси шоири хуби бачагон мусоидат кард. Ӯ яке аз ду фарзанди Пайрав Сулаймонист. Шоире, ки 33 сол умр дид, вале дар адабиёти тоҷик дар аҳди Шӯравии пешин ҳамчун муаллифи шеъри навин ёд мешавад.

"Гулчеҳра Сулаймонӣ завқу табиати кӯдаконро хуб омӯхта буд. "Бибиҷонам меояд, дилу ҷонам меояд". Бубинед, ягон калимае нест, ки кӯдак нафаҳмад. Шеърҳои дигараш ҳам ҳамин хел," – гуфт Абуманнонов.

Гулрухсори Сафӣ
Гулрухсори Сафӣ

Гулрухсори Сафӣ, шоири маъруфи тоҷик, ки бо Гулчеҳра Сулаймонӣ ҳамкориву дӯстӣ доштааст, истеъдоди ӯро "ирсӣ" меномад: "Вақте ба ягон маҳфили бачаҳо мерафтем, ба бача табдил меёфт. Кӯдакон шеърҳояшро медонистанд. Баробари кӯдакон шеър мехонд, шӯхӣ мекард. Апаи Гулчеҳраро бисёр дӯст медоштам. Гап кӯтоҳ ҳамин, ки дар адабиёти мо, дар адабиёти бачагонаи Советии тоҷик рақами як буданд. Падарашон ҳам, агар намемурданд, бунёдгузори шеъри навини тоҷикӣ, форсӣ, дарӣ буданд."

Худи Гулчеҳра Сулаймонӣ соли 1999 дар хотирае аз давраи бачагӣ мегӯяд, дар панҷсолагӣ падарро аз даст дод ва бо васияти ӯ ба тарбияи амакаш ба шаҳри Бухоро рафт. Дар хонаи амакаш ҳафт фарзанди дигар буд. Ҳарчанд ранҷи бепадарӣ мекашид, маҳз дар муҳити китоб ва қиссахониҳои модаркалонаш ишқи адабиёту шеърро дар худ ғунҷонд.

Латофат Кенҷаева
Латофат Кенҷаева

Латофат Кенҷаева, шоири кӯдакон, мегӯяд, шеърҳои нахустини ӯ ба шарофати Гулчеҳра Сулаймонӣ рӯйи чопро дид. "Гулчеҳра Сулаймонӣ шахси ғамхор, бисёр дилсӯз буданд, ҳарчанд дар назар солор метофтанд. Бархе фикр мекарданд, ки бисёр худхоҳ ва назарбаланду мағрур ҳастанд. Дар асл баръакси он буданд. Он дунёе, ки Гулчеҳра Сулаймонӣ доштанд, як дунёи бисёр зебо, хоксорона буд, ки дар он тамоми сифатҳои беҳтарини инсонӣ таҷассум меёфт."

"Дар дил ҳавои Бухоро дошт"

Журналист ва нависанда Гулсифат Шаҳидӣ мегӯяд, ошноии наздики модараш бо Гулчеҳра Сулаймонӣ ва шеърҳои ӯ барои тарбияи фарзандонаш мадад кард. Ба қавли ӯ, Гулчеҳра Сулаймонӣ намунаи тамкину хоксорӣ ва ҳам боҳунарии як зани тоҷик буд.

Гулсифат Шаҳидӣ
Гулсифат Шаҳидӣ

"Фикр мекунам, ин хел шоирҳо ангуштшуморанд. Шоирони бачагонаи Тоҷикистон. Он кас бо бачаҳо ба воситаи шеър муносибати нек мекарданд. Ботамкину хоксор буданд, аз назди одам мағрурона намегузаштанд, бо хурду калон яксон буданд... ҳангоми баъзе дарс душвор буд. Мегуфтанд, ин мушкилӣ нест, дар дунё мушкилиҳо дар пеш ва дилгармӣ мебахшиданд, то дарсҳоро хонем ва ҳеч хавотир набошем," – ба ёд овард ӯ.

Онҳое, ки аз зиндагии хусусии Гулчеҳра Сулаймонӣ хабар доштанд, мегӯянд, ӯ дар дил захмҳои зиёде дошт. Агар давраи кӯдакии бепадарӣ як зарбаи сангине дар дили кӯдаконааш гузошта буд, ҳаёти оилавиаш ҳам гоҳе ноҳамвор буд. Модари се фарзанд ва ҳамсари шоир Акобир Шарифӣ, ба қавли дӯстонаш, ҳама розҳои дилашро пинҳон мекард.

"Ятимияшро фаромӯш накард"

Гулрухсори Сафӣ мегӯяд, "лаҳзаҳои охири ҳаёташон ман дар наздашон будам. Ҳеч аз ёдам намебарояд, ҳамчун шоири халқӣ ва духтари Пайрав Сулаймонӣ бояд ба Лучоб мебурданд, лекин набурданд. Дар Сари Осиё як ҷой монданд. Модарашонро, хоҳарашонро дида будам... Вақте вафот карданд, гуфтаанд, ки “ана, бухороиҳо омаданд, маро ба Бухоро мебаранд”. Бо он ки шаҳри Душанбе шаҳри Гулчеҳра ҳам буд, дар пеши чашми Гулчеҳра калон шуд, вай худашро бухороӣ мегуфт, Бухороро ёд мекард. Мисли дигарон пеш намедавид, лекин ҳамеша як нигоҳи аҷоибу ғароиби норозӣ аз оламу одам дошт. Бо ҳамон нигоҳ рафт."

Гулчеҳра Сулаймонӣ 75 сол умр дид. Ӯ соли 2003 даргузашт.

Гулрухсори Сафӣ мегӯяд, як фоҷеаи шахсии Гулчеҳра Сулаймонӣ ин буд, ки дилашро накушод, “ятимияшро фаромӯш накард. Медонист, ки худаш ҳам истеъдод дорад, падараш ҳам истеъдод дорад, лекин ҷою мавқее, ки худашонро нишон диҳанд, на падараш ёфт, на худаш”.

Як ормони дигар, ба андешаи Гулрухсор, ин буд, ки “дасташ намерасид, ки мақбараи падарашро дар Самарқанд обод кунанд. Лучобро нигаред, баъзе пулдорҳо дар ҳамон ҷо ҳам мақбараашон дигаргуна аст. Фарзандонаш кардаанд, ҳеч ҷойи бадӣ надорад, хуб аст. Инҳо натавонистанд, дасташон нарасид, дар зиндагиашон ҳамеша камбуд доштанд.”

Ба бовари Гулрухсори Сафӣ, Гулчеҳра Сулаймонӣ ҳамеша духтари падараш буд ва ҳамингуна монд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG