Нобовар Чаноров: "Шоирон эҷод мекунанд, вале офаридани оҳанг кам шудааст. Худатон мебинед, сурудҳое, ки ҳунармандони мо дар ҳама ҷой месароянд, аз гузашта ҳастанд. Аз Аҳмад Зоҳир ва сарояндаҳои дигари Афғонистон низ. Агар диққат диҳед, ҳатто сабку зарб дигар аст. Намегӯям, бад аст, аммо услубу лаҳн дигар. Чизе, ки эҷодкорони тоҷик меофаранд, барои худамон аст, услуби худамон аст ва оғозу авҷи худамонро дорад."
Радои Озодӣ: Аз мушкили бозхонӣ гуфтед. Таронаи "Кабутар", ки гуруҳи "Шамс" соли 2020 тақдим кард, соли 2022 аз тарафи чанд овозхон ва дар маҳфилҳои хосу ом садо дод...
Нобовар Чаноров: "Ин сурудро, ки мо тақдим кардем, моли халқ аст. Дар вилояти Бадахшон ба забони рӯшонӣ 30-40 сол пеш ба таври дигар суруда мешуд. Ҳоло низ месароянд. Мо сӣ сонияи мусиқиро, ки Далер Назаров барои филми "Мустанади ишқ" эҷод кардааст, бо иҷоза гирифтем. Сипас матнро такмил кардем. Матни суруд ба забони рӯшонӣ ва тоҷикӣ омехта аст. Дар як барномаи ҳунарӣ хондем ва "Кабутар" ҳам парвоз кард."
Радиои Озодӣ: Касе барои дубора хонданаш иҷоза пурсид?
Нобовар Чаноров: "Танҳо чанд нафар иҷозат гирифтанд. Аз ҷумла, Ҷаҳонгир аз Узбекистон. Занг зад, ки "Оё мумкин аст, онро сароям?" Розӣ шудам, аммо шарт гузоштам, ки матну оҳангро бинам. Сурудро фиристод, ба забони узбекӣ. Аввал қабул нашуд. Пас аз онки тағйир доданд, пазируфтем. Як гуруҳи дигар аз Амрико тамос гирифтанд. Иҷозат додам. Дигар бачаҳо мепурсиданд, ки оё дар барномаҳои ҳунарӣ бихонем? Гуфтам, бале, хонед."
Радиои Озодӣ: Интизор мерафт, моҳи марти соли 2022 дар Украина барномаи ҳунарӣ баргузор кунед, аммо ҷанги бедалели Русия дар онҷо сар шуд. Дар умум, дар ташкили барномаи ҳунарӣ ва сафарҳои хориҷӣ чӣ мушкил доред?
Нобовар Чаноров: "Барои мо, гурӯҳи "Шамс", каме мушкил аст. Агар даъватнома фиристанд, ҳатман мегӯям, мо гурӯҳем ва аз 9-10 нафар иборатем. Барои баъзеҳо мушкил аст. Мо зиёдем. Аз ин рӯ, продюсерон ва барномарезон кам даъват мекунанд. Масъалаи дигар вазъияти дунёст, ки ҳоло хуб нест. Масалан, то пандемия мо бояд ба Аврупою Марокаш ва кишварҳои дигар ҳашт сафари ҳунарӣ анҷом медодем. Аввал пандемия монеъ шуд, баъдан буҳрону масъалаҳои дигар пеш омад. Моҳи март мебоист дар Украина барномаи наврӯзӣ баргузор мекардем, моҳи феврал ҷанг сар шуд. Дар Остона ҳам бояд консерт медодем, онро ҳам бекор карданд. Масъулони барнома гуфтанд, аввал бинем, ки вазъият чӣ гуна мешавад."
Радиои Озодӣ: Фазои Тоҷикистон барои як овозхон то чӣ ҳад муносиб аст?
Нобовар Чаноров: "Ҳунармандон чӣ дар телевизионҳои давлатӣ ва чӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ чизе хоҳанд, месароянд. Озодӣ ҳаст. Аммо аз ҳунармандон вобаста аст, ки фазоро зебо нигоҳ доранд ё баръакс коста гардонанд."
Радиои Озодӣ: Ишораи дувуматон ба сатҳу сифати таронаҳо дар шабакаҳои иҷтимоист?
Нобовар Чаноров: "Бисёр сифати поин доранд. Ин "ҳунарнамоӣ" ва сабтҳое, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн мекунанд, мусиқии тоҷикро харобу коста мегардонад. Аламовар ин аст, ки ҳамон чизи бемаъно, бисёр дағалу бад, шунавандаву бинандаи зиёд дорад. Чизе, ки барои таҳияаш хуб омодагӣ мебинед, сабташ ҳам босифат аст, ба қавле "лайк"-и камтар мегирад.”
Навори пурраи мусоҳибаро дар инҷо тамошо кунед:
Гуфтугӯ