Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дархости Lawyers for Lawyers ва Freedom Now аз вазири тоҷик


Музаффар Ашӯриён
Музаффар Ашӯриён

Ду созмони ҳомии ҳуқуқи инсон аз вазъи саломатӣ ва амнияти вакили мудофеи зиндонӣ, Бузургмеҳр Ёров, дар маҳбаси низомаш сахттарин дар Душанбе ибрози ташвиш кардаанд.

Lawyers for Lawyers ва Freedom Now дар охири моҳи декабри соли 2022 аз вазири адлияи Тоҷикистон Музаффар Ашӯриён хостаанд, Ёровро фавран озод карда, амнияту табобаташро тибқи талаботи байнулмилалӣ таъмин кунанд.

Бузургмеҳр Ёров рӯзи 17-уми ноябри соли 2022 аз зиндони шаҳри Ваҳдат ба маҳбаси пӯшида ё низомаш сахттарини Душанбе бурда шуд. Мақомот тасмими худро шарҳ надоданд. Бародараш Ҷамшед Ёров гуфт, Бузургмеҳр Ёровро дар пайи баҳс дар бораи раисҷумҳури Тоҷикистон ҷазо додаанд.

Бузургмеҳр Ёров
Бузургмеҳр Ёров

Хонаводааш гуфтанд, ӯро дар моҳи декабр диданд. Муаллифони нома ба вазири адлияи Тоҷикистон гуфтаанд, "дар гардану рӯйи ӯ доғ дида шуд" ва он баёнгари бадрафторист.

"Бо таваҷҷуҳ ба ин маълумот, мо аз шароити нигаҳдории ӯ ба таври ҷиддӣ нигарон ҳастем," – омадааст дар нома. Онро 16-уми декабри соли 2022 ба вазири адлия фиристодаанд. Вокуниши мақомот маълум нест.

Бузургмеҳр Ёров, ки аз ҳуқуқи 14 узви раёсати Ҳизби ҳоло дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ ҳимоят мекард, соли 2015 дастгир ва ба иттиҳоми қаллобӣ, сохтакорӣ ва таҳқири намояндаи ҳокимият ба 28 сол зиндон маҳкум шуд. Худаш мегӯяд, гуноҳ надорад.

Як кумитаи Созмони Милал муҳокимаи ӯро ноодилона хонд ва аз ҳукумат хост, Бузургмеҳр Ёровро озод кунад. Мақомот пешниҳодро напазируфтанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG