Як ҷавони дӯстдори ҷонварон дар ҳавлии худ харгӯш парвариш мекунад ва дар остонаи Соли нав, ки онро “Соли харгӯш” ҳисоб мекунанд, дар бораи ин ҷонвар нақл кард.
Харгӯшпарварӣ кори чандон осон нест ва на ҳама метавонад онро анҷом диҳад. Дар Тоҷикистон ду намуди харгӯш вуҷуд дорад, ки як навъашро дар хонаҳо парвариш мекунанд ва навъи дигараш ёбоӣ аст. Парвариши навъи ёбоии он дар шароити хона бисёр мушкил аст, чун озодидӯст буда, тоқати қафасро надорад ва зуд мемирад, вале навъи хонагии он каме фарқ мекунад.
Ҳар рӯзи Ҷаҳонгир Баротов, сокини ноҳияи Синои пойтахт, бо нигоҳубини ин ҷонварони зебо шом мешавад. Ӯ даҳ сол боз ба парвариши харгӯш машғул аст. Ҷонвари зебое, ки то 8 сол умр мебинад ва хеле чолок аст. Ин ҷавон як ҳуҷраи манзили нимсохтро маҳз барои парвариши ин навъи ҷонварон омода кардааст. Онҳоро пас аз чанд рӯзи таваллуд харида, баъдан парвариш мекунад.
“Ин ҷонварон тарсончак, аммо чолок ҳастанд. Дар шароити муътадил зиндагӣ мекунанду хӯрокашон асосан сабзиву карам ва алаф аст. Инҳо боз хӯроки махсуси тайёр доранд. Нигоҳубини харгӯшҳо осон нест, чунки онҳо нозук ҳастанд,” - гуфт ҳамсуҳбати мо.
Бо наздик шудани Соли нави мелодӣ харидорони ин ҷонварон бештар шудаанд. Онҳо вобаста ба синну сол ва ҳаҷмашон нарх доранд. Ҷаҳонгир мегӯяд, бештари муштариёнаш волидоне ҳастанд, ки фарзандонашон харгӯшро дӯст медоранд. Соли 2023 аз рӯи тақвими чинӣ, ки дар Тоҷикистон низ маъмул аст, “Соли харгӯш” мебошад.
Ин тақвимро, ки мӯлҷар мегӯянд, дар фарҳанги солшумории мардуми шарқ кор мебаранд ва он иборат аз 12 сол буда, ҳар сол бо исм ва хусусияти табиӣ як ҷонваре, мисли бақару мӯш, палангу харгӯш, наҳангу мор, аспу гӯсфанд, ҳамдунаву, мурғу сагу хук ихтисос ёфтааст.
Миёни мардум солшумории мӯлҷар аз рӯйи хусусияту табиати ҳайвонҳо, ба афроди дар ҳамон соли ҳайвон таваллудёфта толеъбинӣ мешавад.
Як пурсиши хабарнигорони Радиои Озодӣ дар хиёбонҳои шаҳри Душанбе нишон дод, ки аксаран ба ин боваранд, ки чигунагии соли "мӯлҷар"-и шахсро мардум аз рӯйи шакл ва рафтори ҷонвар пешгӯӣ мекунанд. Яке аз ҳамсуҳбатони мо гуфт: “Инро таҷриба нишон додааст. Масалан, агар соли мор бошад, сол соли душвор аст. Ҳама медонад, ки мор як хазандаи заҳрдор аст. Соли харгӯш бошад нағз аст. Харгӯш ҷонвари безарар аст.”
Нафари дигар гуфт: “Соли писари ман ҳамдуна (маймун) аст. Бисёр бачаи шӯх, дар ҳақиқат хусусияту табиати ҳайвонҳо ба онҳое, ки дар он сол таваллуд шудаанд, пайвандӣ дорад.”
Нуҷумшиносон мегӯянд, чунин толеъбиниро илм собит накардааст ва ин ақидаҳо замоне пайдо шуданд, ки ҳанӯз илми ситорашиносӣ вуҷуд надошт. Гулчеҳра Қоҳирова, мудири Пажӯҳишгоҳи нуҷумшиносии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон рӯзи 29-уми декабр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт: “Аз рӯи тадқиқотҳои илми астрономия маълум шуд, ки ин пешгӯиҳо бо қонунҳои ҳаракати ситораву сайёраҳо ягон вобастагие надорад. Яъне, пешгӯи кардани тақдири инсон ва чи гуна будани рӯзҳо ва солҳо дар асоси ҳаракати ҷирмҳои кайҳонӣ инмконнопазир аст. Аммо афсӯс, ки аксарияти одамон ба ин эътиқод дошта ва ҳар сол дар арафаи Соли нав интизори ин пешгӯиҳои ҳастанд.”
Дар гузаштаҳо, масалан, агар соли таваллуди инсон дар хотирҳо намонад, замони таваллудашро аз рӯи солшумории мӯлҷар ба ёд меоварданд. Аз миёни афроди шинохта, дар “Соли харгӯш” олимони барҷастаи ҷаҳонӣ, ба мисли Алберт Эйнштейн, Михаил Ломоносов ва ҳунармандони маъруфи синамо, Квентин Тарантино ва Евгений Моргунов таваллуд шудаанд. Харгӯшпарварон мегӯянд, ин ҷонвар озода ва озодидӯст аст. Ба гуфтаи онҳо, парвариши харгӯш осон нест, чун тоқати даруни қафас истоданро надорад ва бештар дар озодӣ мегарданд.
Гуфтугӯ