Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ин режим худ ба бахше аз мушкили ҷомеа табдил шудааст"


Курдистони Эрон
Курдистони Эрон

Саид Пайвандӣ, Радиои Фардо

Сад рӯз пас аз оғози ҷунбиши фарогири “Зан, зиндагӣ, озодӣ”, ҳамаи шавоҳид (далелҳо, мисолҳо) нишон медиҳанд, ки рӯёрӯии Ҷумҳурии Исломӣ ва хезиши эътирозӣ вориди як даврони фарсоишӣ шудааст.

Бо вуҷуди шаклҳои бераҳмонаи саркӯби ҳукуматӣ, идомаи ин рухдоди таърихиро бояд як пирӯзӣ ва дастоварди бузург барои насли шуҷоъ донист, ки бо дастони холӣ ба ҷанги ҳукумат ва низомиёну дастгоҳҳои махуфи амниятии он рафтааст.

Ҷумҳурии Исломӣ ба ҷойи дарки паёми аслии эътирозҳо ва сабабҳои гусасте (ҷудоӣ), ки миёни ҳукумату ҷомеа пеш омада, танҳо ба саркӯб, тахрибу хомӯш кардани эътирозҳо меандешад. Тарзҳои гуногуни хушунати ҳукуматӣ, ки натиҷаи он аз ҷумла беш аз 500 кушта ва ҳазорон маҷруҳ ва зиндонӣ буда, натавонист, ҷавонону мардумро ба сукуту тарки майдони набард водорад.

Саид Пайвандӣ
Саид Пайвандӣ

Ба ин тартиб, тарс аз ҳукумату дастгоҳҳои рангоранги низомӣ ва амниятии саркӯб ҷояшро ба равоншиносии ҷамъии наву зеҳнияти инқилобӣ дод, ки дар он барои нахустин бор дигаргуниҳои сиёсии асосӣ ба амри мумкин ва қобили дастрасӣ табдил шудааст.

Бозигарони асосии ин чархиш духтарону писарони ҷавоне ҳастанд, ки бо халлоқияту шуҷоати иҷтимоии бемонанде тавонистанд, девори баланди тарсро фурӯ резанд, дар хиёбонҳо бимонанд. Ҷунбиши “Зан, зиндагӣ, озодӣ” бо ҳувият ва намодҳои нерӯманд ба як воқеияти асосӣ дар фазои сиёсии Эрон табдил шудааст.

Тафовут ё фарқи ин ҷунбиш дар муқоиса бо ҷунбишҳои гузашта дар дигаргун шудани шароит ва заминаи ҷомеаи Эрон дар чанд соли ахир аст. Аз миёни омилҳо шояд битавон ба се таҳаввули муҳим ишора кард:

  • Вуҷуди абри буҳронҳое, ки ҷомеаи Эронро ба лаби партгоҳ (чуқурии бетаг, ҷарӣ)-и суқути таърихӣ кашондааст. Буҳронҳои иқтисодӣ, сиёсӣ, геополитикӣ, иҷтимоӣ, зистмуҳитӣ, фарҳангӣ ва ахлоқӣ. Ҳамзамонии ин буҳронҳои дар ҳам танида сабаб шуда, ки камтар касе дар Эрон битавонад аз осебҳои бузурги онҳо эмин бимонад. Ронда шудани шумори бузурге аз мардум ба зери хати фақру фалокат, камбуди маҳсулоти мавриди ниёз, олудагии ҳаво, буҳрони об, фасоди густардаи ҳукуматӣ ва низомиён, маҳдудиятҳо дар ҳавзаҳои фарҳангӣ ва зиндагии иҷтимоӣ, набудани озодиҳои маданиву шахсӣ, табъизҳои ҷинсиятӣ, диниву қавмӣ сабаб шудаанд, ки дар Эрони имрӯз қисми зиёди мардум ба навъе норозӣ ва хашмгин бошанд. Ҷумҳурии Исломӣ, ки ба номи маънавияту ахлоқ ба қудрат расид, худ ба яке аз беахлоқтарин ва фосидтарин ҳукуматҳои даврони мо табдил шудааст;
  • Нотавонии ошкору шикасти ҳукумат дар рӯёрӯӣ бо ин буҳронҳои чандгона. Ин сиёсатҳои нодурусту вайронгари дохилӣ ва хориҷии ҳукумати Ҷумҳурии Исломӣ аст, ки дар даҳаҳои гузашта буҳронҳои асосии ҷомеаи имрӯзро ба вуҷуд овардаанд. Бо вуҷуди ҳамаи нокомиҳову шикастҳои бузург дар ҳавзаҳои гуногун, дар ҳукмронӣ ба сабку равиши Ҷумҳурии Исломӣ солҳост, бар ҳамон пошнаи ҳамешагӣ мечархаду гирифтори чархаи маъюбу бемори низоми сиёсии нокорост. Исломгароёни ҳирфаӣ ба раҳбарии низомиёну рӯҳонияти давлатӣ, ки қудратро ба таври инҳисорӣ аз они худ кардаанд, тавоноии рӯёрӯӣ бо буҳронҳоро надоранд ва сиёсату рӯйкарди аслии онҳо ҳам бештар ҳадафи бақову ҳифзи амнияти ҳукуматро дунбол мекунад. Ҷомеаи имрӯз бо таҷрибаи худ ба ин натиҷаи муҳим расида, ки ин ҳукумати нокоро, нотавон, фосиду фоқиди донишу садоқати лозим барои ҳукмронӣ аст ва фурӯпошии эътимоди ҷамъӣ ба Ҷумҳурии Исломӣ ва бе эътибор шудани он ба ҳамин зеҳният боз мегардад;
  • Набудани уфуқи тағйирот ва умед ба дигаргунии чашмгир дар оянда. Ҷомеаи Эрон дар се даҳаи гузашта ба забонҳои гуногун бо низоми исломӣ сухан гуфтааст. Мардум бо вуҷуди маҳдудиятҳои сохтории интихобот ба пойи сандуқҳои раъй рафтанд. Ба умеди интихоби нерӯе, ки шояд битавонад сохтори ҳукуматӣ ва шеваи ҳукмрониро каме ислоҳ кунад, иқтисоду равобитро бо дунё беҳбуд бахшад ва ё мизони табъизҳо, фишорҳо ва мамнуъиятҳоро дар ҷомеа коҳиш диҳад. Эътирози густарда ба тақаллуб дар интихоботу ҷунбиши сабз ҳам ҳеч тағйире дар равияи ҳукумат ба вуҷуд наовард.

Дастгоҳи раҳбарӣ ва дигар касоне, ки дар ниҳодҳои аслии қудрат ҳузур доранд, нахостанд, ҳеч як аз паёмҳои равшан, садоҳо ва фарёдҳои ҷомеаи норозиро бишнаванд. Ҷунбише, ки бо марги Маҳсо Аминӣ оғоз шуд, ба ҳамин бунбасти сиёсӣ бозмегардад.

Воқеият ин аст, ки сохтори баста ва бемори қудрат, дахолатҳои ғайришаффофи ниҳоди раҳбарӣ ва низомиён дар ҳамаи умури кишвар, адами истиқлоли қувваи қазоия, фасоди сохтории фарогир дар дастгоҳҳои ҳукуматӣ, ислоҳи равишҳову сиёсатҳоро номумкин мекунанд.

Натиҷаи ин бунбасти сиёсӣ фурӯпошии комили эътимоди миёни ҳукумату ҷомеа ва мардум аст. Ҷомеаи имрӯзаи Эрон ҳеч дурнамои умедбахшу мусбатеро дар чаҳорчӯби Ҷумҳурии Исломӣ мушоҳида намекунад.

Ин низом худ ба бахше аз мушкили кунунии ҷомеа табдил шудааст. Ҳукумат ҳам аз ин гусаст ё ҷудоии жарф ба хубӣ огоҳ аст. Гусасти жарф миёни ҷавонону ҳукумат шояд бисёр фаротар ва маънодортар аз шикофи миёни ҷомеаву Ҷумҳурӣ Исломӣ бошад. Барои насли ҷавон ва ба вижа духтарон таҷрибаи рӯзмаррагии хашин, таҳқиромезу касолатоваре, ки Ҷумҳурии Исломӣ ба онҳо таҳмил мекунад, ғайри қобили таҳаммул шудааст.

Ин фишорҳо дар гузашта ҳам вуҷуд дошт, аммо робитаи ин насл бо дунёву хостҳояш бо наслҳои гузашта фарқ дорад. Бе парво будан, сабки зиндагӣ, фардияту фарҳанги ин насл ҳам дар робита бо дигаргуниҳои асосӣ аст, ки дунёи кунунии мо аз сар мегузаронад. Майли зистан монанди ҷавонони кишварҳои дигар ва эҳтиром ба манзалати инсонӣ, сабки зиндагӣ ва ҳуқуқи шаҳрвандӣ ба талаботи асосии онҳо табдил шудааст.

Пирсолорӣ дар ҳукумати Ҷумҳурии Исломӣ танҳо омили ин гусаст ё ҷудоии фарҳангӣ ва зеҳниятӣ нест. Сухан бар сари ду дунёи фарҳангӣ ва тамаддунии бисёр дуру бегона аз якдигар аст.

Дастандаркорони ҳукуматӣ шояд ҳеч гоҳ ҷавониро ба маънои имрӯзӣ таҷриба накардаанд; дунёи имрӯзу таҳаввулоти онро ба хубӣ намешиносанд; мафҳуми баробарии инсонҳоро дарк намекунанд; ранҷҳову таҳқирҳо ва маҳрумияти наслҳои ҷавонро намебинанд; шодиву ҷашнро намешиносанд; дар умрашон як бор ҳам ба як консерти мусиқӣ, синамову театру намоишгоҳи ҳунарӣ нарафтаанд; ошиқ нашудаанд; бо як оҳанги шод нарақсидаанд ва намедонанд лаззатҳои ҷавонӣ кадоманд.

Агар ҷавонон намоди зиндагӣ, шодӣ, халлоқият ва ояндаанд, фарҳанги ҳукумати динӣ намоди маргу сӯгворӣ ва гузаштааст. Ин бегонагии жарфи фарҳангӣ ва иҷтимоӣ бо ҷомеаву ҷавононро метавон дар адабиёти ҳукуматӣ дар бархӯрд бо ҷунбиши “Зан, зиндагӣ, озодӣ” низ ба равшанӣ дид.

100 рӯзи таҳқири ҷавонону эътирози онҳо, сензураи расонаӣ, таҳдиду иръоб (шантаж), беахлоқӣ, азияту озор, шиканҷа, зиндону эъдом ва ривоятҳои дурӯғ рӯйкарди имтиноъ (қабул накардан, рад кардан; нахостан, худдорӣ кардан)-ро аз дарки ончи дар Эрон мегузарад, дар пеш гирифтааст. Дунёи фарҳангии масъулони ҳукуматии он ба он ҳад ҳақиру кӯчак аст, ки дар паси шиори баробарии зану мард ва ё озодӣ чизе ҷуз бараҳнагӣ намебинад.

Ҷунбиши “Зан, зиндагӣ, озодӣ” дар таҷрибаи 100-рӯзаи худ муваффақ шуд, чизҳои асосиро дар зеҳни ҷомеаву фазои сиёсии кишвар дигар кунад. Тарси ҷомеа кам мешаваду ҳукумат бо занону мардоне рӯбарӯ аст, ки беибо аз саркӯб даст ба мухолифат мезананд ва иқтидори ҳукуматро ба чолиш мекашанд. Худи ҷунбиш ҳам дар ин се моҳ тавонист, дорои ҳувият, намодҳо ва қаҳрамононе шавад, ки намояндаи ҷомеаи нави Эрону фарҳанги ғайриҳукӯматӣ ҳастанд.

Матолибе, ки дар ин гӯша ба нашр мерасанд, назари муаллифон буда, баёнгари мавқеи Радиои Озодӣ шумурда намешаванд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG