Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тақвими мусобиқоти Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF) дар соли 2023


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Соли 2023 дар олами ҷудо баргузории як қатор мусобиқаҳои бузург ва бонуфуз дар назар аст. Дар баробари дастаҳои зӯртарини ҷаҳон, инчунин мунтахаби ҷудои Тоҷикистон бо ширкати худ дар ин мусобиқаҳо кӯшиш мекунад, ки ҳарчи бештар шумораи имтиёзҳои рейтингиро барои Олимпиадаи Париж-2024 ба даст биёрад.

Бояд гуфт, ки соли оянда бори аввал дар Тоҷикистон мусобиқаи сатҳи ҷаҳонии Гран-при оид ба ҷудо баргузор мешавад. Баргузории ин мусобиқа рӯзҳои 2-3-юми июни соли 2023 дар шаҳри Душанбе ба нақша гирифта шудааст.

Мусобиқаи асосии мавсими нав қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон мебошад, ки рӯзҳои 7-14-уми май дар шаҳри Доҳаи Қатар доир мегардад.

Тақвими мусобиқоти IJF World Tour дар соли 2023:

27-29 январ: Гран-при, Алмада (Португалия)
4-5 феврал: "Тоскӯлоҳи бузург", Париж (Фаронса)
16-18 феврал: "Тоскӯлоҳи бузург", Тел-Авив (Исроил)
3-5 март: "Тоскӯлоҳи бузург", Тошканд (Узбекистон)
24-26 март: "Тоскӯлоҳи бузург", Тбилиси (Гурҷистон)
31 март-2 апрел: "Тоскӯлоҳи бузург", Анталия (Туркия)
7-14 май: Қаҳрамонии ҷаҳон, Доҳа (Қатар)
25-27 май: Гран-при, Линс (Австрия)
2-4 июн: Гран-При, Душанбе (Тоҷикистон)
23-25 июн: "Тоскӯлоҳи бузург", Улан-Батор (Муғулистон)
4-6 август: Мастерс, Будапешт (Маҷористон)
18-20 август: Гран-при, Загреб (Хорватия)
29-30 август: мусобиқаи тестӣ, Париж-2024 (Фаронса)
22-24 сентябр: "Тоскӯлоҳи бузург", Боку (Озарбойҷон)
4-8 октябр: қаҳрамонии ҷаҳон миёни ҷавонон, Коимбра (Португалия)
10-12 ноябр: "Тоскӯлоҳи бузург", Абузабӣ (Имороти Муттаҳидаи Араб)
2-3 декабр: "Тоскӯлоҳи бузург", Токио (Ҷопон)

Ба иттилои Федератсияи ҷудои Тоҷикистон, дастаи мунтахаби кишвар авоили моҳи январ барои тамрин ба шаҳри Венаи Австрия сафар мекунад. Барои тамринҳои дастаи мунтахаби кишвар дар соли 2023 мураббиёни ботаҷрибаи ҷопонӣ ҷалб карда мешаванд.

Омодагии хуб ба гуштигирони тоҷик имкон медиҳад, ки дар мусобиқаҳои бонуфузи байналмилалӣ натиҷаҳои дилхоҳ ба даст оварда, барои дарёфти роҳхат ба Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2024 дар Парижи Фаронса имтиёзҳои зарурӣ ҷамъ оваранд.

Яке аз вазифаҳои муҳими масъулин ва роҳбарияти тозаинтихоби Федератсияи ҷудои Тоҷикистон ин дарёфти шумораи бештари роҳхатҳо ба Олимпиадаи Парих-2024, инчунин медали деринтизори олимпӣ мебошад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG