Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фармондеҳи амнияти Толибон дар Бадахшон кушта шудааст


Як гӯшаи Бадахшони Афғонистон
Як гӯшаи Бадахшони Афғонистон

Мавлавӣ Абдулҳақ, фармондеҳи амнияти Толибон дар Бадахшони Афғонистон, бар асари таркиш кушта шудааст.

Вазорати умури дохилии Толибон мегӯяд, ҳодиса рӯзи 26-уми декабр дар Файзобод рӯй дод.

Ба иттилои онҳо, ду каси дигар кушта ва ду нафар захмӣ шудаанд. Ҳувияти онҳо маълум нест.

Абдуннофеъ Такур, сухангӯи Вазорати умури дохилии Толибон, ба бахши афғонистонии Радиои Озодӣ навишт, дар пайванд ба рӯйдод чаҳор гумонбарро дастгир кардаанд. Ба гуфтаи вай, “мина дар як мошин гузошта шуда буд”.

Масъулияти таркишро то ҳанӯз гуруҳе ва ё шахсе ба уҳда нагирифтааст.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG