Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зеленский ҳамла ба Херсонро маҳкум кард


Херсон, 24-уми декабр
Херсон, 24-уми декабр

Президенти Украина Владимир Зеленский ҳамлаҳои мушакии Русия ба шаҳри Херсонро, ки рӯзи 24-уми декабр ҷони дастикам панҷ нафарро гирифту 35 касро маҷрӯҳ бар ҷой гузошт, маҳкум кард.

Зеленский дар Телеграм каналаш навишт: «Херсон. Субҳи шанбе дар остонаи ҷашни Милоди Масеҳ дар маркази шаҳр. Ин ҷо ҳеҷ як муассисаи низомӣ вуҷуд надорад».

Ӯ инчунин аксҳои хунолуди ҷасадҳоро нашр кард. Дар як акс дуди сиёҳе дар наздикии бинои истиқоматӣ дида мешавад. Дастикам ду мошин оташ гирифтааст. Президенти Украина навишт: «Ин ҳаёти воқеии Украинаву украиниҳо аст». Ӯ нирӯҳои русиро дар он муттаҳам кард, ки ба хотири “тарс додану ҳаловат бурдан” даст ба куштор мезананд.

Ба иттилои ёвари президент Кирилло Тимошенко, аз миёни 35 маҷрӯҳ 16 нафарашон дар ҳолати сангин қарор доранд. Ӯ гуфт, азбаски рӯзи истироҳат буд, бисёриҳо дар берун буданд.

Маскав ҳанӯз ин ҳодисаро шарҳ надодааст.

Херсонро нирӯҳои украинӣ моҳи ноябр озод карданд, вале ба гуфтаи Киев, нирӯҳои русӣ мушакборони ин шаҳрро аз соҳилҳои Днепр идома медиҳанд.

Ҳамла ба Херсон як рӯз баъди он рух дод, ки Зеленский дар муроҷиат ба сокинони кишвараш аз эҳтимоли ҳамлаҳои русҳо дар рӯзҳои ид огоҳ кард ва хост, ки дар рӯзҳои наздик фавқулодда эҳтиёткор шаванд.

Зеленский дар як муроҷиати видеоиаш рӯзи 23 декабр гуфт: “Бо фарорасии мавсими идҳо, террористони рус метавонанд фаъолтар шаванд”.

Раҳбарияти низомии Украина ахиран аз ҳамлаҳои нави мушакӣ ба сохторҳои зербунёдиву энержии Украина ҳушдор дод ва гуфт, ки киштиҳои мушакандози Русия дар обҳои Баҳри Сиёҳ дар гардиш ҳастанд.

Зеленский, ки ахиран дар Вашингтон буд, баъди бозгашташ аз сафар рӯзи 23 декабр бо раҳбарияти низомии Украина дидор кард ва гуфт, ки нирӯҳои украинӣ барои муҳорибаҳои моҳҳои наздик ва соли оянда омода ҳастанд.

Дар Вашингтон Маҷлиси намояндагон ахиран бо ихтисоси 45 миллиард доллар кӯмаки низомӣ ба Украина мувофиқат кард ва акнун танҳо имзои президент Ҷо Байден зарур аст, ки ин кӯмакҳо ирсол шаванд.

Зеленский дар як изҳороташ тавассути Твиттер аз Конгресс изҳори сипос кард, ки барои кӯмак ба муборизаи озодихоҳии Украина “ҳамрайъии ҳамаҷониба нишон доданд”. Ӯ гуфт: “Бисёр муҳим аст, ки дар ин мубориза амрикоиҳо дар паҳлӯи Украина истодаанд”.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG