Мушовири калони президенти Украина ба “нобуд кардани” корхонаҳои истеҳсолкунандаи дрону мушакҳо дар Эрон ва ҳам ҳабси маҳсулоти онҳо даъват кард. Михайло Подоляк рӯзи 24 декабр гуфт, Эрон “муқаррароти таҳримҳои байналмилалиро пеши по мезанад” ва даъват кард, ки корхонаҳои истеҳсоли силоҳ дар Эрон нобуд карда шаванд.
Киев, ки мавриди таҷовузи низомии Русия қарор гирифтааст, Эронро дар таъмини Маскав бо 1700 дрони бесарнишини “Шаҳид-136” муттаҳам кардааст. Киев мегӯяд, Маскав аз ин силоҳҳо барои ҳамла ба Украина истифода мекунад. Эрон ин иттиҳомҳоро рад кардааст.