Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

21 декабр. Ҳазорон муҳоҷир ба Амрико роҳ меёбанд? ВИДЕО


Муҳоҷирони зиёде мунтазири беэътибор шудани дастури Доналд Трамп
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:04 0:00

Муҳоҷирони зиёде мунтазири беэътибор шудани дастури Доналд Трамп

Ҳазорон муҳоҷир дар як шаҳри марзии Мексика ҷамъ омада, бекор шудани дастури 42-юми президенти собиқи Амрико Доналд Трампро интизоранд.

Тибқи ин дастури давраи пандемия, муҳоҷирон пас аз ворид шудан ба Амрико зуд ронда мешуданд. Агар мӯҳлати ин қарор дароз нашавад, эҳтимол сар аз 21-уми декабр, муҳоҷирон имкон пайдо мекунанд, ки то замони баррасии дархосташон дар Амрико бимонанд. Мақомот талоши воридшавии мавҷи азими паноҳҷӯён ба ин кившарро пешбинӣ мекунанд.

Бархе аз ин муҳоҷирон, ки дар шаҳри Сюдад Хуареси Мексика, воқеъ дар марзи ҷанубии ИМА ҷамъ шудаанд, худро ба хадамоти марзбонии Амрико дар минтақаи Эл-Пасои аёлати Тексаси ИМА таслим намуда, паноҳгоҳи сиёсӣ талаб мекунанд. Дигарон мутазири 21-уми декабр мебошанд.

Моҳи гузашта Додгоҳи Амрико ҳукм баровард, ки сар аз 21-уми декабр дастури президент Трамп дар бораи ихроҷи фаврии муҳоҷирон вобаста ба пандемияи КОВИД-19 хотима ёбад.

То из замон ҳазорҳо муҳоҷир худро ба хадамоти марзбони ИМА таслим кардааст. Ба гуфти сухангӯйи хадамоти марзбони ИМА дар минтақаи Эл-Пасо ҳар рӯз тахминан 2100 парвандаи муҳоҷират барои арзёбӣ қабул карда мешавад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG