Ду хоҳар дар шаҳри Кӯлоб, бар хилофи хостаи атрофиён, қолабшиканӣ карда, ба муштзанӣ рӯ овардаанд.
Умедаи 14-сола ва Аминаи 16-сола соли гузашта дар чанд мусобиқаи муштзанӣ ширкат карда, пирӯз шуданд.
Онҳо мегӯянд, дар аввал пинҳонӣ аз модар ба толори варзишӣ рафтанд, вале баъдан, модар ба онҳо дуо додааст, ки ба варзиш машғул шаванд.
Умеда Ғаниева, яке аз ин хоҳарон дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, писарони ҳамсолашон бо шавқ дар бораи муштзанӣ нақл мекарданд ва онҳо низ машварат карданд, ки ба толори варзишӣ бираванд.
Як сол боз онҳо бокс машқ мекунанд. Умеда аз ширкат дар мусобиқаҳо дар як сол шаш медал ва чанд диплому ифтихорнома ба даст овардааст. Дар ҳамаи мусобиқаҳое, ки ширкат кардааст, сазовори ҷои аввал шудааст.
Видеоро инҷо тамошо кунед:
Интихоби варзиши муштзанӣ, ки дар Тоҷикистон онро кори мардона медонанд, барои духтарон осон набуд.
Модар мухолифати атрофиёнро сарфи назар кард ва духтаронашро ба ин навъи варзиш тарғиб намуд.
Маҳбуба Ғаниева, модари духтарон дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, аксари наздиконаш барои ба муштзанӣ рафтани духтаронаш розӣ набуданд.
“Мегуфтанд, ки бокс кори духтарон нест. Ман гуфтам, ҳавас доранд, муҳаббат доранд, бигзор раванд. Пас аз дарс ба машқ мераванд. Толори варзишӣ дар пеши хона аст.”,--гуфт ӯ.
Зиндагии Маҳбуба бо духтаронаш ду соли пеш дар як мустанади Радиои Озодӣ нақл шуда буд. Пас аз он ба мушкилашон фаъолони ҷомеа таваҷҷӯҳ карданд ва зиндагии онҳо комилан тағйир ёфт.
Он замон ӯ бо духтаронаш оҳанпора гирд меовард ва мефурухту зиндагӣ мекард. Умедаву Амина он вақт ба дарс намерафтанд ва дастёри модар буданд.
Баъди пахши мустанади “Нони оҳанин” бо дастгирии афроди хайрхоҳ соҳиби хона шуданд.
“Вақте, ки соҳиби хона шудем, духтаронам вақти оромиш ёфтанд ва ба дарсхонӣ рафтанду пайи амалӣ кардани орзуҳояшон шуданд.”--гуфт, Маҳбуба Ғаниева.
Ҳоло Умедаву Амина роҳи партовгоҳе, ки оҳанпора мечиданд, ба роҳи варзишгоҳ тағйир додаанд. Роҳе, ки умед доранд, онҳоро то қаҳрамонӣ дар ин навъи варзиш мерасонад.
Гуфтугӯ