Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сабти 12 мубталои ВИЧ дар як сол дар зиндонҳои Тоҷикистон


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Масъулони Вазорати адлияи Тоҷикистон гуфтанд, соли 2022 ҳангоми ташхиси беш аз 5200 зиндонӣ 12 гирифтори бемории вируси норасоии масунияти бадан ва ё ВИЧ/СПИД пайдо карданд.

Бино ба омори нави вазорат, теъдоди гирифторони нави беморӣ дар соли 2021 ба 24 нафар мерасидааст.

Вазорат дар бораи теъдоди умумии зиндониёни мубталои бемории норасоии масунияти бадан чизе нагуфтааст.

Бар асоси омори дигар, аз соли 2019 то 2021-ум 750 зиндонии гирифтори бемориро барои муолиҷа дар вазорати тандурустӣ сабти ном кардаанд.

Ҳомиёни ҳуқуқ вазъи номуносиби беҳдоштиро дар зиндонҳо яке аз сабабҳои гирифтории зиндониён ба бемории ВИЧ/СПИД меноманд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG