Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳусейн Асадуллозода, додарарӯси Эмомалӣ Раҳмон, даргузашт


Қарор аст, Ҳусейн Асадуллозода дар зодгоҳаш, ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, ба хок супурда шавад
Қарор аст, Ҳусейн Асадуллозода дар зодгоҳаш, ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, ба хок супурда шавад

Ҳусейн Асадуллозода, додарарӯси 54-солаи Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон, дар Эрон даргузаштааст.

Манобаи Радиои Озодӣ рӯзи 11-уми декабр гуфтанд, ҷасади ӯро шаб ё фардо ба Тоҷикистон интиқол медиҳанд.

Ба гуфтаи ҳамсуҳбатони Радиои Озодӣ, Ҳусейн Асадуллозода аз бемории қалб ранҷ мекашид ва ду ҳафта пеш ӯро барои табобат ба Эрон бурда буданд.

“Дар зодгоҳаш маҳаллаи “Чапаев”-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ба маросими хоксупориаш омодагӣ мегиранд. Зери дастгоҳи нафасдиҳӣ будааст ва шаби гузашта дар Теҳрон ҷон додааст.”—гуфт як ҳамсуҳбати огоҳи Радиои Озодӣ.

Ҳусейн, яке аз бародарони дугоники Азизамоҳ Асаддулозода, ҳамсари Эмомалӣ Раҳмон аст. Аз ин бародарони дугоник бештар Ҳасан Асадуллозода, ки молики “Ориёнбонк”, ширкати ҳавопаймоии “Сомон-эйр” ва даҳҳо корхонаҳои хурду бузург мебошад, шинохта аст.

Ҳусейн Асадуллозода, раиси ширкати “Нафтрасон” дар ноҳияи Леваканд, Сарбанди собиқ будааст. Ин ширкат бештар ба фурӯши маҳсулоти нафтӣ дар Хатлон машғул будааст. Дар бораи фаъолият ва кори ӯ маълумоти кам мавҷуд аст, вале фарзандони дигари ин хонавода тиҷорату мансабҳои муҳим доранд.

Амонулло Асадуллоев фарзанди дигари ин хонавода дар ширкати “Барқи Тоҷик” масъулияти баланд дошт, ҳоло раҳбари ширкати “Сомон Суғд” аст ва Амирулло Асадулло, додарарӯси дигари президент, раиси шаҳри Бохтар (Қурғонтеппаи пешин) буд. Пайвандони дигари ӯ ба тиҷорат машғуланд ва аз нуфузи вижа бархӯрдоранд.

XS
SM
MD
LG