Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Рашт ду занро ба "авбошӣ" айбдор ва ҷарима карданд


Мавҷигул Ғарибова. Акс аз бойгонӣ
Мавҷигул Ғарибова. Акс аз бойгонӣ

Додгоҳи ноҳияи Рашт ду сокини ин ноҳияро барои ҷанҷол ва латтукӯби Мавҷигул Ғарибова, модари фаъоли маданӣ, Ҷунайдуллоҳ Худоёров ба маблағи 128 ҳазор сомонӣ ҷарима кард.

Як манбаъ аз додгоҳи ноҳияи Рашт бидуни зикри ном гуфт, Судобаи Искандар ва модараш Маърифати Муборакшо, сокинони деҳаи Яшмро бо ҷурми “авбошӣ” ба андозаи 64 ҳазор сомонӣ дар маҷмӯъ баробар ба 128 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд. Ҳукми додгоҳ, рӯзи 2 -юми декабр содир шудааст.

Ин манбаъ гуфт, онҳо бар асоси аризаи шикоятии Мавҷигул Ғарибоваи 66 сола айбдор шудаанд. Ҳарду дар моҳи апрели соли равон, дар куча ӯро латту кӯб намуда, телефони ҳамроҳашро гирифтаанд. Назари модару духтари муттаҳам ба авбошӣ ба ҳукм ва қазия дастрас нест.

Мавҷигул Ғарибова мегӯяд, мақомоти тафтишотӣ аввал бо ҳар баҳона тафтиши парвандаро ба таъхир мегузоштанд. Баъди шикоятҳои пайдарпайи ӯ қазия дар додгоҳ баррасӣ шудааст.

Ин зани ҳоло ҷабрдидаро қаблан Додгоҳи ноҳияи Лахш (Ҷиргатоли собиқ) ба авбошӣ гунаҳкор карда буд. Моҳи ноябри соли гузашта, Мавҷигул Ғарибова барои “зада маҷруҳ кардан”-и ҳамсояаш Алишери Насриддин, ки аз наздикони Судобаи Искандар ва Маърифати Муборакшо аст ба ду соли ҳабси хонагӣ маҳкум шуда буд.

Сокинони деҳаи Яшм мегуянд, хусумат миёни ин ду хонавода солҳост идома дорад, аммо пас аз қатли Алиризо Худоёров – набераи Мавҷигул Ғарибова, донишҷӯйи Донишгоҳи Рашт дар тобистони соли гузашта, мухолифати онҳо боз ҳам сахттар шуд.

Додгоҳи олии Тоҷикистон ду нафар, аз Зафарҷони Насриддин ва Абдулло Азимовро ба гуноҳи даст доштан дар қатли Алиризо Худоёров аз 17 то 19 сол зиндони низомаш сангин маҳкум кард.

XS
SM
MD
LG