Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷанҷол сари ҷазо додани духтарони блогер. Кӣ ҳақ асту кӣ ноҳақ? ВИДЕО


Муҷозоти хонумҳои блогер тарафдор ва мухолиф пайдо кардааст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:16 0:00

Муҷозоти хонумҳои блогер тарафдор ва мухолиф пайдо кардааст

Боздошту ҳабс ва узрхоҳии блогербонуҳо барои сухан ё амалашон дар шабакаҳои иҷтимоӣ миёни корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ва ҷомеаи Тоҷикистон баҳсҳоеро ба бор овардааст.

Бархе бар инанд, ки фишору таъқиби блогерон аз тарафи мақомоти интизомӣ дуруст аст, бархи дигар аз поймол шудани ҳуқуқ ва озодии онҳо изҳори нигаронӣ мекунанд. Ба назар мерасад, ҳимоят аз амалкарди мақомот ба маротиб бузургтар аст. Абубакр Нозимов, донишҷӯйи тоҷик мегуяд “руйирост ҷазо додани ин гуна блогерҳо беҳтарин кор аст. Барои он ки ба дигарон таълим мешавад."

Бархе аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ба он диққат додаанд, ки фишор танҳо ба занону духтарон аст ва ҳам ҷазои ҳабс барои сухан вазнинтар аз гуноҳ. Ба назари Соро Назарова сокини дигари пойтахт дар ҳодисаҳои ахир нобаробарии ҳуқуқи марду зан дида мешавад.

Видеоро инҷо бубинед:

Муҷозоти хонумҳои блогер тарафдор ва мухолиф пайдо кардааст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:16 0:00

Ӯ мегӯяд: "Агар дигар ҷазо медоданд, хуб мешуд, шояд ҷарима мекарданд, мумкин дигар ин гуноҳашро такрор намекард. Лекин ҳабс кардани зан ба назари ман хеле масъалаи нозук аст”.

Бархе дигар мегӯянд, ба намоиш гузоштан шармсор кардани блоггерон таъсири манфӣ дорад. Абдуқодир Талбаков, фаъоли шабакаҳои иҷтимоӣ, ки назару суханонаш баҳсу ҷанҷолҳои зиёде меоранд, мегӯяд, барои бадахлоқӣ бояд ҷазо дода шавад, аммо набояд бо ин роҳ озодии баён маҳдуд гардад.

Вай рузи 7-уми декабр ба Радиои Озодӣ гуфт: “Ман комилан ҷонибдори озодии баён ҳастам, аммо душмани бепарда сухан гуфтани духтари тоҷик. Мехоҳам блогерҳои тоҷик, мушкили Тоҷикистонро, проблемаи зани тоҷикро, андешаи пинҳоншудаи зани тоҷикро дар навор биёранд. Сад мушкил дорад, зани тоҷик”.

Ҷаноби Талбаков ба ҷуръати духтарони блогер қоил аст. Ӯ бар ин аст, ки ин духтарон набояд аз тариқи намоиш додани ҷурмашон ва ба ҳабс кашидани онҳо руҳан шикаста шаванд. Ба қавли ӯ ин духтарони блогер бояд мушовир дошта бошанд ва ба корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ шароит фароҳам наоранд, ки ба онҳо ҳамлаҳои лафзӣ сурат бигирад.

“Ин ҷаҳолату бесаводӣ аст, ин бетаҳаммулӣ ва беандешагӣ аст. Ҳеҷ кас ҳақ надорад, аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ касеро таҳқир кунад" - таъкид кард ӯ.

Ҳуқуқшиносон мегӯянд, боздошту ҳабс ва танқид аз кори блогерзанҳо бархӯрди ахлоқ бо низоми қонун дар ҷомеаи суннатиро ба намоиш гузошт. Шокирҷон Ҳакимов доктори илмҳои ҳуқуқ мегуяд, агар блогерон номи шахсеро гирифта таҳқир кунанд ва аломатҳои ҷиноят дар рафторашон мушоҳида шавад, он гоҳ мақомот ҳаққи ҷазодиҳиро доранд.

Аммо дар сурати ғайр ба ҳабс гирифтани онҳо хилофи қонун ва ба маънои маҳдуд кардани ҳуқуқи инсон аст: “Вақте вай даҳ рӯз дар боздоштгоҳи муваққатӣ буд аз озодӣ маҳрум шуд. Тарзи зиндагияш тағйир ёфт, қабули ғизо ва ғайраҳо. Аз ин хотир ин ҳолатҳо тақозо мекунад, ки қонунро ба талаботи замон ва бо назардошти асноди ҳуқуқи байнулмилаллӣ мувофиқ кунанд.”

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин ақида садо медиҳад, ки мақомот мехоҳанд, қонунеро барои блогерон ба миён оранд, ё шояд диққати ҷомеаро аз блогерону хабарнигорони маҳкумшуда дур баранд ва умуман калимаи блогерро бадном кунанд. Мақомот қазияро шарҳ намедиҳанд ва воқеаҳои ахир сабаби гумонҳое гаштааст, ки пулис дар Тоҷикистон амали занону духтаронро дар шабакаҳои иҷтимоӣ зери назар дорад.

Кумитаи андози Тоҷикистон мегӯяд дар шаш моҳи аввалин имсол 32 блогерро расман сабти ном кардаанд ва онҳо дар муддат аз даромадҳояшон дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва бахусус Ютюбу Инстаграм тақрибан 112 ҳазор сомонӣ андоз ё молиёт додаанд.

Кумитаи андози Тоҷикистон соли гузашта ва пас аз омӯзиши кори блогерҳо як феҳрист тартиб дода, ба онҳо то моҳи апрели соли 2021 фурсат дода буд, фаъолияти худро расмӣ кунанд. Мақомот ба ин бахш замоне таваҷҷуҳ карданд, ки сафи блогерон ба хотири гирифтани даромад афзуд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG